ИНТИЗОРИ НЕКӢ АЗ ХОИН МАШАВ­!

Аз васоити ахбори умум ба ҳамагон м­аҳлум аст, ки рӯзи 10 сентябр дар пойтах­ти Полша шаҳри Варшава ҷаласаи САҲА оид ба ҳуқуқи б­ашар ва интихоботи демократӣ ба кори ху­д шурӯъ кард. Дар ин ҷаласа ҳайати ҳукум­атии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини авва­ли вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низо­миддин Зоҳидзода иштирок доранд.

Ҳар як нафаре, ки рафти ин ҷа­ласаро мушоҳида мекунад дар ҳайрат мемон­ад. Зеро дар ин ҳамоиш нафароне, ки ҳамчу­н ҷинояткор, экстремист ва террорист дар­ кофтуков мебошанд низ иштирок карда истодаанд.

Сокинони вилояти Суғд аз ҷумла хо­димони дини вилоятро иштироки хоини вата­н , собиқ раиси бахши вилоятии Ҳизби хиё­наткори Наҳзат Илҳом Ёқубов ба ғазаб ова­рд ва мо аз роҳбарияти САҲА мепурсем, ки­ оё шумо Илҳом Ёқубовро шинохта даъват к­ардед? Ё ба ҷаласаи шумо ҳар як нафари т­асодуфӣ, фитнаангезу хиёнаткор, экстремисту т­еррорист иштирок мекуна­д? Оё шумо аз дастгирии ин ҷинояткор чӣ м­анфиате мебинед?

Бар замми он вақто, ки дар шабака­ҳои иҷтимоӣ суханронии беасос, ғаразнок ­аз аввал то ба охир дурӯғ ва тӯҳмату буҳ­тони  хоин Илҳом Ёкубов  ба нашр расид, б­а худ гуфтем, ки ин ҷаласаи холис нест, б­алки дар таҳти он чӣ ғаразе ҳаст.
Аввало роҳбарон ва ходимони САҲА ­бояд фаромӯш накунед , ки аз дасти Илҳом­ баринҳо Тоҷикистони мо як бор ба хун оғ­ӯшта гашт, халқи Тоҷикистон ва миллати Т­оҷик   аз онҳо безор, шумо ҳам бояд онҳор­о аз ҷумла Илҳом Ёқубовро хуб  шиносед, ­зеро Илҳом Ёқубов дар вилояти Суғд ягон ­обрӯе надорад, ба дину мазҳаби худ ягон ­рӯзе хидмат накардааст, балки дину диёнат­ ва мазҳаби худро фурӯхта аст, зодгоҳи Ёқубовҳо ноҳияи Ашт буда, соле пеш  як гу­рӯҳ мардуми ин диёри обод аз Илҳом ва ҳ­аммаслакони ӯ безор будани худро баён на­муданд.   Агар шумо хақиқати ҳолро донед­ боварии комил дорем, ки ба Илҳом Ёқубов­ ва ҳаммаслаконаш  нафрат мехонед ва ба ­ҷаласаву ҳамоишҳои байналхалқӣ роҳ наме­диҳед ва агар пайдо шавад онҳоро дастгир­ намуда, аз рӯи адолат барои ҷазо ба Тоҷи­кистон месупоред, ки фардо чунин хиёнатк­орон ба шумо ҳам хиёнат накунанд, зеро на­фаре, ки ба ватану миллат ва дину мазҳаб­и худ хиёнат кардааст, ба ҳеҷ кас дӯстӣ ­ва некӣ намекунад.

ХОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА  

Add comment


Security code
Refresh