МОШИНҶАЛЛОБ ДАЪВОИ ВАТАНДОРӢ МЕКУНАД!

Илҳом Ёқубов як нафари фирефташуда ва хоин буда, бозичаи дасти ТТЭ ҲНИ гардидааст ва мо андешаҳои бебунёди ӯро, ки дар ҳамоиши САҲА иброз дошт, маҳкум менамоем.

Бархе одамонро ғунҷоиши хотира он қадар маҳдуд аст, ки ҳама чизро зуд ба боди фаромӯшӣ медиҳанд. ҳатто, бадтарин гуноҳ, сангинтарин хиёнат ва хунбортарин рӯзҳоро… Вагарна кадом марде баъд аз қудратталабиву тафриқаандозӣ ва хиёнатҳои пайдарпай ба Ватан боз дар рӯзҳои баргузории ҷаласаи САҲА дар Варшава дар назди миллату халқиятҳои бегона обрӯи давлату миллати хешро паст занад.

Ба рӯй пӯсти хеле ғафс аз бешармию беҳаёӣ бояд кашид, то Ватан ва миллати худро бифрӯшӣ ва обрӯву нуфузи онро пеши ҷомеаи ҷаҳонӣ зери суол гузорӣ. Муҳаммад ҳиҷозӣ хеле бамаврид гуфтааст, ки лоиқи сари андеша намудан аст: «Фидокорону ҷонбозони сиёсӣ бештар онҳое ҳастанд, ки мақсудро нафаҳмидаанд».

Акнун ин нафарон имрӯз дар бораи озодии забон ва шаҳрвандон ва озод кардани маҳбусон ҳарф заданӣ мешаванд, ки дуруст нест. Пас ба Илҳом Ёқубови бесавод гуфтанӣ ҳастам, ки то забони русиро як бор дуруст омӯзаду баъд дар бораи баҳси судии ҷурналист Хайрулло Мирсаидов, ки айни ҳол дар озодӣ қарор дорад, ҳарф занад. Ӯ бояд донад, ки агар озодии сухан дар Аврупо таъмин бошад, ӯ бо ин саводу дониш ба минбари САҲА роҳ намеёфт. Илҳом Ёқубовро ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони хориҷиаш аз ҳамин бесаводиаш истифода бурда, бо маблағҳои калон ба доми худ кашидааст. Вай асосан, аз давлатҳои Аврупо мошинҳоро бо нархи арзон харидорӣ намуда, тавассути миёнаравҳои худ ба Тоҷикистон ба фурӯш мемонад. Барои вай кишвар ва хонаву дар ягон моҳият надорад. Агар заррае дар дили ӯ ҳисси  ватандӯстӣ ва бунёдкориву  созандагии  Тоҷикистони азиз вуҷуд медошт, ҳаёти худро дар ғарибӣ нагузаронида, дар кишвараш кору фаъолияти ҳалол мекард. Лек барои ӯ хизмат ба хоҷаи худ, аз кори ҳалол болотар меистад.

Ғ.Санавваров,
дотсенти Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh