АБИРӢ (Юсуфов Муҳаммадҷон)

8-уми декабри соли 1935 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Журналист, собиқадори матбуот. ИДПЛ-ро соли 1958 хатм кардааст.

Аз августи соли 1958 дар идораи рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” ба фаъолият оғоз кард. То ба нафақа баромадан дар ин даргоҳ заҳмат кашид. Ходими адабӣ, мудири шӯъба, котиби масъул буд.

Муаллифи мақолаҳо ва очеркҳои бешумор мебошад. Беҳтарини онҳо дар маҷмӯаҳои «Заврақи умр» (1998), «Таҳамтан», «Нақши нигин», «Бозуи идрок», «Мушовир», «Амири виҷдон», «Сарандеб» ҷамъ оварда шудаанд. Корманди шоистаи Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи журналистони чумҳурии ба номи Лоҳутӣ, Созмони журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.