Раиси вилоят дар ноҳияи Мастчоҳ бо фаъолияти корхонаҳо шинос гардид

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ бо фаъолияти корхонаи коркарди шир - “Нури сафар” шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаи мазкур дар заминаи супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 таъсис дода шудааст ва дар он 35 нафар ба кор машғул мебошанд. Корхона аз сокинон ширро ҷамъоварӣ намуда, маҳсулоти нимтайёри равғани маскаву панирро истеҳсол мекунад ва маҳсулоти нимтайёр ба “Комбинати шири Душанбе” фиристода мешавад. Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхона Раиси вилоят таъкид кард, ки барои васеъ намудани доираи фаъолият ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот шароитҳо мавуданд. Аз ин рӯ, роҳбарияти корхона бояд барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва ташкили ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Худи ҳамин рӯз бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли зарфҳои пластикӣ барои маҳсулоти ширӣ дар ноҳияи Мастчоҳ расман оғоз бахшида шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар коргоҳи нав 6 сокини ноҳия бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Сипас, Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаи дӯзандагӣ, воқеъ  дар Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ шинос шуд. Ин корхона аз ҷониби соҳибкор Хайём Қурбонов таъсис дода шуда, дар он наздик 30 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд. Дар корхонаи дӯзандагӣ асосан либосҳои мактабӣ омода мешавад, ки дар ноҳия харидорони худро дорад. Раиси вилоят ба роҳбарияти корхона тавсия дод, ки барои кормандони дигар соҳаҳо низ либосҳо омода намоянд ва бо васеъ намудани доираи фаъолият маоши кормандон аз 500 сомонӣ ба 700 сомонӣ расонида шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд