АЗ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ БИПАРҲЕЗЕД!

Кӣ намехоҳад дар ҷомеае зиндагӣ кунад, ки хушбахтии ҳар инсон боиси хушбахтии дигарон шавад ва ҳама бо ҳам дар сулҳу салоҳ умр ба сар баранд? Албатта, ҳама мехоҳанд, аммо дар асл на ҳама вақт чунин мешавад, зеро одамон бо хислатҳои худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ба хотири пулу моли зиёд ба доми мардуми гумроҳу бегона афтида, ақлашонро бой медиҳанд. Ба қадри сулҳу оромӣ нарасида, ба хотири маблағи бедардимиён ба роҳҳои бад қадам мениҳанд. Зоҳиран дӯстнамову ботинан бадандешӣ карда, дар як лаҳза фикри худро дигар мекунанд. Ин гуна разилону бадхоҳон дар тан ҷомаи дӯстӣ доранду дар дил кинаву адоват мепарваранд.

Ҳар рӯз дар ҷаҳон ҳаводисе рух медиҳанд, ки дунёро ба ларза меоваранд. Дар ҳар манотиқ нотинҷиву ноамниро мушоҳида кардан мумкин аст. Наход инсон дар ватани худ ба камол расаду баъдан фирор карда, ба он хиёнат намояд? Интихоби дурусти зиндагӣ на ба ҳама муяссар мегардад.

Моро рӯз аз рӯз воҳима мегирад, ки дар оянда чӣ гуна зиндагӣ хоҳем кард. Дунёро олами терроризму экстремизм фаро гирифта истодааст. Ин ҳама аз дасти нохалафону ватанфурӯшон сарчашма мегирад. Наход ба қадри зиндагии дурӯзае, ки Худованд бароямон ҳадя кардааст, нарасем?

Гурӯҳҳои ифротӣ аз номи дини мубини Ислом баромад намуда, номи мусулмононро дар олам доғдор карда истодаанд. Пастфитратоне ба мисли Кабириву ҳаммаслаконаш ба ризқи мардуми бегуноҳ зомин мешаванд. Ба хотири «маблағҳои ночиз» худфурӯшӣ карда истодаанд. Фикр намекунанд, ки бо ин кору амали ношоистаи худ ба ояндаи ҷавонон хати батлон кашида, рӯзи онҳоро сиёҳ месозанд. Инчунин, шарм накарда, дар конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ гӯё «фахр» карда, иштирок мекунанд. Шарм дор, Кабирии сағира, ҳайфи номат, ки даюс ҳастиву ватанфурӯш. Туро бо ин амалҳоят ҷазоҳои сахт интизор аст. Рӯзе мешавад, ки мардуми тоҷик аз ту лаъини номард қасоси худро хоҳанд гирифт.

Бахтиёр Усмонзода,
Ҳилола Ҳасанзода,
устодони Коллеҷи
тиббии шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh