НАҲЗАТИҲО ДАР ҶУСТУҶӮИ ДЕМОКРАТИЯИ ҒАРБӢ ВА ИНТИХОБОТИ ШАРҚӢ

Ҳамон наҳзатиҳо, ки дар вақташ тамоми қонунҳои мавҷударо зери по карда, бенизомӣ, бесарусомонӣ, ҷангу ҷидол, террорро роҳандозӣ намуда, куштори ходимони миллатро бо нишондоди хоҷагони хориҷиашон амалӣ гардонида буданд, имрӯз ба кишварҳои Fарбу Шарқ фирор карда, тавассути воситаҳои ахбори омма дар бораи маҳдуд будани демократия ва озодии баёну афкор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷор мезананд.  

Боқимондагони фирории ТТЭ  ҲНИ!!!  Як бор даст ба сари сина гузошта (агар тавонед) эътироф кунед, баъди ба имзо расидани созишномаи сулҳ ҳокимияти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 фоизи вазифаҳои масъули давлатиро (мувофиқи шартнома), аз муовини аввали сарвазири мамлакат то сарварии вазорату кумитаҳоро ба ихтиёри ба ном қувваҳои оппозитсионӣ вогузор намуд, ки аксарияташон аъзои ТТЭ  ҲНИ буданд. Нашрияҳои сершумор, аз ҷумла нашрияи ҳизбӣ рӯи чоп омаданд, яъне демократикунонии васеи ҷомеа сурат гирифт. Лекин худ тақозо кунед, кадоме аз онҳо аз сидқи дил, ҳалолкорона ба миллату Ватани худ хизмат карданд? Тамоми  тоҷикистониён хуб медонанд ҳоҷӣ ҳалим Назарзода, Эшони Қиёмидини Ғозӣ, Муҳиддин Кабирӣ, Илҳом Ёқубов ва нашрияи онҳо «Наҷот» чӣ «хизматҳои хирсонае” барои миллат карданд.

Дуруст аст, ки дастрасӣ ба иттилоот асоси озодии инсонӣ ба ҳисоб меравад, лекин агар моҷароҷӯёна, таҳрифкорона, таҳлукаангез, иғвогарона бошад, дар тамоми кишварҳои дунё  маҳкум ва маҳдуд карда мешавад. Дар кишварҳои ба ном демократии Ғарб, агар ягон воситаи ахбор ё рӯзноманигор дар ҳаққи давлаташ бадгӯӣ карда, бар зарари давлат ахборот паҳн намояд чӣ кор мекунанд?  ҳатман онҳо маҳдуд ва маҳкум карда мешаванд. Шумоён дар Мюнхену Варшава қарор дошта, дар ҳаққи Ватан буҳтонҳоро паҳн мекунед, ҳатто бо намояндагони давлат даст ба гиребон шуда, даъвои демократикунонии кишварро доред.

Шумо даъво мекунед, ки  дар Тоҷикистон озодии сухан маҳдуд аст, рӯзноманигорон маҳорати касбии худро такмил намедиҳанд, танқид  таъқиб карда мешавад. Хайрулло Мирсаидов гунаҳкор нест, шабакаи давлатии Ховар ҳамаи воситаҳои ахборро назорат мекунад. Сайфуллозодаи бегуноҳ дар маҳбас аст ва ниҳоят гӯё халқ аз ин ноқисиҳо ба хашму ғазаб омадааст. Ин ҳама гуфторҳо ягон асос ё навигарӣ надорад, чунин ақидаҳо буҳтони маҳз буда, аз тарафи ба ном «таҳлилгарони сиёсӣ» аз қабили Панфиловҳо, Князевҳо коркард гардида, бо супориши хоҷагони ғарбию шарқии наҳзатиён, ки онҳоро таъмин намуда истодаанд, паҳн карда мешавад. 

Ҷанобони наҳзатӣ,  ки  зери парчами Ислом амал мекунед, як бор «астағфируллоҳ» гӯед, ба зодгоҳатон бо чашмони кӯдакиву наврасиатон нигоҳ кунед. Агар аз Ватани худ даст кашида бошед, ҷои гап ҳам нест. Зеро шумобаринҳо мазҳабатонро дигар намуда, ҳуввият, муҳаббату  садоқати худро нисбат ба Ватану миллат гум кардаед?!

Давоми соли равон, таҷлили ҷашнҳои милливу давлатӣ ва сафарҳои нишон дод, ки халқи тоҷик дар тамоми гӯшаву канори мамлакат аз дастовардҳо ифтихор доранд, дар атрофи ғояи сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти комили сиёсиву иқтисодӣ сарҷамъ ҳастанд.

С.Муртазоев,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh