ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШ ЧӢ МЕДИҲАД? ПУЛ, МОЛ ВА Ё “ОЧКО”!

10-уми сентябри соли равон дар шаҳри Варшава ҳамоиши навбатии САҲА ба кори худ шуруъ кард, ки ба раванди сиёсии ҷомеаи мо таъсир худро мерасонад. Зеро Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва САҲА дар ҳамоиши мазкур иштирок намуд. Аммо дар қатори аъзоёни давлатҳои созмон боз ҳизбу созмонҳои мухолиф ва шахсони ба ном “активист” ширкат варзида, барои онҳо курсӣ ва баландгӯяк муҳайё намуданд, ки аз сиёсати “дугонаи САҲА” дарак медиҳад.

САҲА дар қатори ҳукумати Тоҷикистон боз намояндагони ТТЭ ҲНИ ва ҳизбу созмонҳои дигари ифротӣ ва мухолифи давлати моро ба созмон расман даъват намуд. Дар баромади худ раиси ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва командаи “ифротии” ӯ фақат давлати моро назди ҷомеаи ҷаҳонӣ сияҳ карда, бо ин амал барои худ “очко” гирифтанд. 

 Баъди суханронии Муҳиддини хоин, раиси ба ном Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ Илҳом Ёқубов зери унвони “Озодӣ ва ошкорбаёнӣ” ба сухан баромада, гӯё аз набудани озодӣ ба сухан, андеша, ВАО ва дастрасӣ ба иттилоот дар муддати 5 дақиқа изҳори андеша намуд.  Суханронии ӯ саршор дурӯғ буда, худро ҳамчун “эксперт” вонамуд мекард. Лек ӯ “эксперт” набуда, “тӯтӣ” ва ё ба истилоҳ “попугай” аст.

Маълум шуд, ки худи ӯ баромадашро тайёр накардаасту бар ивази чанд тангаи “ҳаром” мисли “тӯтӣ” гап мезанад. Худаш ҳам сарфаҳм намеравад, ки чӣ мегӯяд. Баъди анҷоми ҳамоиши САҲА хоҷагони Илҳом барои ӯ “тӯҳфаҳои хотиравӣ” тайёр намудаанд ва ин “сюрприз” аз ҷасорат ва корнамоиҳои Илҳоми хоин вобастагии калон дорад. Илҳоми ватанфурӯш маҷбур шуда истодааст, ки тамоми маҳорати худро истифода бурда, чашми меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоиш Тоҷикистонро сияҳ нишон диҳад ва аз ин қабат-қабат гӯшт гирад.

Лек ин ҳама меҳнати хирсонаи ӯ барбод аст. Имрӯз Илҳому Кабирӣ дар ҳарами хоҷагони худ қарор доранд ва баъди чанд вақт аз ҳарами онҳо ронда мешаванду хору зор дар кӯчаҳои Аврупову Амрико мисли “бомҷ” зиндагӣ мекунанд. Дар ҳамон вақт аз кардаҳои худ пушаймон мешаванд, вале пушаймонӣ надорад оқибат суд.

Ш.Солиев,
 ассистенти кафедраи сиёсатшиносии
Донишгоҳи давлатии бизнес ва
сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh