Ҳимояи Ватан аз тӯҳмату дасиса

Вақте ки сухан дар бораи Ватану ватандорӣ меравад, пеши назарам кишвари ободу зебо, табиати биҳиштосо, арчаҳову кӯҳҳои осмонбӯс ва аз ҳама муҳим чеҳраи гарму нуронии модарону хоҳарони тоҷик намудор мешавад.

Ватан мояи ифтихор, шаъну шараф, нангу номус, виҷдон ва обрӯю эътибори мо мебошад. Ҳифзи он ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи аввалиндараҷаи фарзандони фарзонаи ин кишвар аст.

Ватан маконест, ки мо дар он чашм ба дунё кушодаем. Сарзаминест, ки мо нахуст қадамҳои хешро дар хоки он гузоштем, аз оби чашмасоронаш нӯшидаему аз ҳавои муаттараш нафас кашидаем. Ватан ҷоест, ки бо он мо мефахрему сарфарозиҳо дорем. Ҳоло Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озоду демократӣ эътироф кардаасту зиёда аз 190 мамлакати мутараққӣ мешиносад. Лекин, ҳастанд бадхоҳоне, ки бо дасисагӯиву, туҳмат ва худсафедкунии беасос ва қабули созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ тавба накарда, боз ба иҷрои дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷиашон аз давлатҳои Шарқ ва Ғарб ба амалҳои террористиву экстремистӣ пардохт.

Ин гурӯҳ имрӯз низ нақшаҳои ғаразноки зиёде дорад, ки дар телевизион собиқ аъзоёни ҲНИ Қиёмиддини Ғозӣ ва Сатторов Айёмиддин баръало ошкор гардид. Ҳамчунин, онҳо бо суханони иғвоангези хеш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд ниятҳои ғаразноки хешро анҷом диҳанд.

Мо мардуми сарбаланду заҳматкаши тоҷик сулҳу оромиро бар ивази ҷони ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи миллат бо азобу шиканҷа ба даст овардаем.

Ҷавононе, ки худро дар ҳақиқат фарзандони ин миллат мешуморанд, бояд ҷавоби ин хоинонро бо вокунишҳои боасоси хеш барои туҳмату худсафедкунии беасоси Муҳиддин Кабирӣ диҳанд.

Ҷаҳонгир Махкамов,
донишҷӯи Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик
 Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh