Арсаи сулҳу осоиштагӣ

Аҳди мо тантанаи ақли солиму нерӯи созанда аст. Бо ин ҳама боиси таассуф аст,  ки дар ҷаҳони мо, муҳити тамаддунгарои мо пайваста рӯйдодҳое ба мушоҳида мерасанд, ва кирдорҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки рӯзгорамонро доғдор, зиндагиамонро талх  мекунанд.

Алалхусус, чунин кирдорҳову равандҳои ношоиста имрӯзҳо тамоми ҷомеаи сулҳпарвару башардӯстро сахт ба ташвишу изтироб овардааст. Мушкилоти асосии таассуфангези замони мо амали пурхушунати терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, ифротгароии сиёсӣ ва мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, хариду фурӯши пуршитобу ғаразмандонаи аслиҳа, таҳримҳои кинаварона мебошанд, ки дар маҷмуъ оромиву субот ва ҳаёти осоиштаи аҳли сайёраро халалдор кардаанд. Терроризм торафт доман паҳн карда, мардуми ҷаҳонро ба ташвиш меоварад. Ҳаводиси даҳшатбор ва ҷангу задухӯрдҳои бардавом дар Афғонистон, Сурия, Ироқ, кирдорҳои ҷаҳолатбунёди ДИИШ мисоли рӯшани ин гуфтаҳоянд.

Мутаассифона, далелҳои кам нестанд, ки баъзе ҷавонони мо бо таъсири омилҳои гуногун ба калавишҳо дучор омадаву рӯй ба ифротгароён овардаанд ва гоҳо бо ҷараёнҳои тундрави экстремистию террористӣ гаравидаанду ҷавонии зебои худро доғдор кардаанд. Ин ҳолат бозгӯи он аст, ки дар ҷомеаи мо масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон ва насли наврас ҳанӯз аз костагиҳо орӣ нест, ки тақвиятталаб мебошанд.

Гулбаҳор  Ҳудойбердиева,
 шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh