Аврупо аз босмачиён безор аст!

Роҳбарияти фирории ТТЭ ҲНИ  бо маслиҳати хоҷагони худ талош мекунанд, ки ҳамроҳ бо намояндагони ташкилотҳои сунъии худсохтаи наҳзатӣ  баъзе ҳадафҳои нопокашонро оид ба бадномсозии давлату мардуми Тоҷикистон амалӣ намоянд.

Наҳзатиён ҳамон ҳилаи қадимаи худро ба кор бурданӣ шуда, ташкилоти сунъиеро бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» эълон намуданд. Вақте тоҷикони бурунмарзӣ аз моҳияти террористӣ ва собиқаи паймоншикании ТТЭ ҲНИ ба эътилоф бо ин ҳизб розӣ нашуданд, роҳбарияти наҳзат аз ҳисоби аъзо ва муздуронашон чанд «ташкилот»-и нав сохта, сипас худ бо худ «эътилоф» ташкил карданд. Огоҳон медонанд, ки «Паймони миллии Тоҷикистон» дар асл ҳамон  ТТЭ ҲНИ буда, ин ном бо мақсади пӯшонидани ниқоби нав ба ин ташкилот эҷод шудааст. Мазмуни суханрониҳои намояндагонашон нишон дод, ки  онҳо ягон ҳарфи ҷиддии гуфтанӣ ва сухани нав надоранд. Дар ҷаласа раиси ТТЭ ҲНИ  Кабирӣ ба таври расмӣ эътироф кард, ки ҳизби наҳзати исломӣ дар асл давомдиҳандаи кори ҳаракати босмачигарии солҳои 20-у 30-юми асри гузашта мебошад. Ӯ ҳаракатҳои мухолифини таърихиро классификатсия намуда, таъкид кард, ки наҳзатиён насли дуюми босмачиён буда, кору ормонҳои онҳоро давом медиҳанд.

Дар ниҳоят, ба террористони наҳзатӣ тавсия дода мешавад, ки агар чашми хирад дошта бошед, бояд дарк намоед, ки “давраи аврупоии шумоён” ба охир расида истодааст.

Ҳар қадар дар ҷомеа барои одамон озодиҳои демократӣ муҳайё шавад, сатҳи муайяни шуурнокии сиёсӣ инкишоф ёфта, доираи ҳуқуқу озодиҳои онҳо зиёд мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитро барои рушди ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ муҳайё намудааст, ки аз ин мо - шаҳрвандон бояд шукрона намоем. Мардуми кишвари азизи мо аз рӯзҳои аввали Истиқлолият худшиносиву худогоҳиро дар мадди аввал гузошт.

 Ҷомеаи имрӯзаи мо бо суботи комили сиёсӣ пеш рафта истодааст ва онро тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дастгирӣ намуда, тамоми ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд. Давоми 27 соли соҳибистиқлолӣ  корҳое иҷро гардиданд, ки дар 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ иҷро нашуда буданд. Аз ин лиҳоз, мо бояд бо фарҳангу маърифати баланди ватандӯстӣ баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз амал намоем.

 Б.АЛИМОВ,
номзади илмҳои таърих,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 

Add comment


Security code
Refresh