Зиракии сиёсиро набояд аз даст диҳем!

Ҳар як давру замон дар баробари кашфиёти наву тоза, пешрафт ва комёбиҳо аз падидаҳо ва воқеоти номатлуб орӣ нест. Воқеан, ин ҷаҳон доимо пуртазод аст ва инсони солимақл аз бархӯрди андешаҳо ва ҳодисоти гуногун онро мепазирад.

Имрӯз ҷаҳон беш аз пеш пур аз мушкилот ва ихтилофу зиддиятҳост. Яке аз сабабҳо ин нооромӣ ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ, динӣ, кӯшиш ба ғасби ҳокимият мебошад.

Баъзе кишварҳои пешрафтаи Ғарб бо ин роҳ, яъне бо таъсири равонӣ ва барангехтани низоъҳо ҳадафҳои нопоки худро аз қабили ҳукмронии бештар ва ба даст овардани сарвати зиёд амалӣ намуданӣ ҳастанд. Баъди ба даст овардани Истиқлолият, ки он аз пурарзиштарин неъматҳои мардуми Тоҷикистон дар фазои кишвари мост, барои озодии дину имон шароит фароҳам омад.

Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ҳар қадар донишманду соҳибмаърифат, соҳиби касбу ҳунар ва худогоҳу хештаншинос бошанд, Ватан ҳамон қадар обод мешавад ва нерӯмандии давлат меафзояд. Бинобар ин, ҷавонони моро, ки хушбахтона ба ҳамаи навгониҳои илму техникаи муосир дастрасии комил доранд, лозим аст зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.  

Гулрӯ МАҶИДОВА,
омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh