СИЁСӢ НАМУДАНИ ДИН ҶОМЕАРО БА НОБУДӢ МЕРАСОНАД!

Тоҷикистон дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуд ва таъсири манфии он бо гузашти ду даҳсола то ҳол эҳсос карда мешавад. Яке аз сабабҳои ҷанги дохилӣ кўшиши  бунёд намудани давлати исломӣ ва якҷо намудаи ислом бо сиёсат буд, ки оқибат хуни шаҳрвандони бегуноҳ рехта шуд, ҳазорҳо кўдакон ятим ва даҳҳо ҳазор оила бесарпаноҳ монданд.

Дар байни бархе аз руҳониён ва мусулмонон ҳамон андешаи нодуруст ва мантиқан бесамар, яъне бунёд намудани давлати исломӣ борҳо дар чандин кишварҳо боиси хунрезиҳои зиёд ва маҳдудияти одамон гардида, ки мутаассифона боз нафароне ба мисли ҷонибдорони ДИИШ майли ташкили давлати исломиро доранд. Ин дар ҳолест, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ ғайрисамаранокии чунин навъи давлатҳоро нишон дод. Аввалан, башарият ҳоло дар низоми давлати демократӣ зиндагӣ дорад, яъне ҳокимият ба мардум таалуқ дорад ва аксарияти ҳаққи муайян намудани чигунагии шакли давлатро дошта, онҳо сарчашма ва баёнгари соҳибихтиёрии давлатро доранд. Дуввум, ибтидо аз нимаи асри XX дигаргуниҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҷойгоҳ ва мақоми инсон, ҳуқуқ ба интихоби динро дар ихтиёри ҳар шахс гузоштааст, ки ба таври зўрӣ бор намудани ақидаи ягон дине муқобили меъёри қонунҳои байналмилалӣ ҳисобида мешавад.

Ин ду далел ва чанд сабабҳои мавҷуда ҳам ба таври назариявӣ ва ҳам амалӣ бунёди давлати исломиро номумкин ва бесамар будани онро баён месозад. Бадтар аз ин вақте давлати исломӣ бо зўрӣ бунёд гардад ҳатман амнияти мардум дар оняда зери суол қарор мегирад. Кӣ гуфта метавонад, ки дар ҳолати бунёд намудани давлати исломӣ, анҷоми ин ё он рукни динӣ ба таври зўрӣ ба сари мардум бор карда намешавад?

Вазъияти ҷаҳони имрўз аз он шаҳодат медиҳад, ки дар бештари ҳолат авзои ҷомеа маҳз аз тарафи созмонҳои ифротӣ вайрон карда мешавад. 

Бубинед, ҷонибдорони давлати исломӣ бо роҳи қатлу куштор мардумро ба кадом ҳолат расониданд. Ин оқибати сиёсӣ намудани дин ва якҷо намудани дин ва сиёсат мебошад. Магар таҷрибаи давлати ҳамсоякишвар Ҷумҳурии исломии Афғонистон бароямон равшан нест? Чанд сол мешавад, ки аз тарафи ҳар гуна гурўҳҳо ҳодисаи терактӣ анҷом дода мешавад ва ҳар яки онҳо хостори гўё ободиву пешравии давлат ҳастанд. Аммо ҳар рўз дар кадом кунҷи шаҳр як ҳодисаи терактӣ рух медиҳад ва чанд нафар қурбони ин амал мегарданд.

Дар ҳақиқат мавқеъгирии Роҳбари давлат солиму созанда буда, аз ислом на  ба мақсади ҷангҷўиву бадхоҳӣ, балки бо роҳи ободии ҷомеа ва рушди ҳаёти инсон хизмат менамояд: «Назари қотеъонаи мо ин аст, ки ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули рўҳи инсон ва покизагии рўзгори ў хизмат намояд».  

Агар намояндагони Ҳизби наҳзати ислом аз ибтидо нақшаи дар Тоҷикистон бунёди давлати исломӣ намекарданд тасаввур намоед, мо имрўз чи қадар пеш мерафтем. Дарку тасаввуроти нодурурст оиди бунёди давлати исломӣ ва нашинохтани низоми сиёсиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ҷаҳони муосир боис шудааст, ки созмонҳои ифротӣ на танҳо ба мақсадҳои худ намерасанд, балки бо ин корашон садҳо одамонро нобуд ва маконҳои ободу амнро вайрон менамоянд.

Чуноне ки дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона мебошад». Мафҳуми дунявият шиор аз ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат менамояд ва дахолати ташкилоти диниро ба корҳои давлатӣ манъ кардааст. Шаҳрвандон ба масъалаи интихоби дин озод буда, давлат низ ба ягон дин афзалият дониста намешавад. Мардум дар адои аркони дин озод ҳастанд ва ҳам ба таври танҳоӣ ва дар шакли дастҷамъона маросими диниро адо менамояд. Пас, бунёд кардани давлати исломӣ бо мақсади фароҳам овардани шароит барои анҷоми ибодати динӣ ягон маънӣ надорад, зеро қонунгузорӣ чунин ҳақро кафолат додааст.

  Саидзода Ш. – н.и.с., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh