МУРОҶИАТНОМАИ ҷавонони шаҳри Бӯстон ба тамоми мардуми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон

Мо ҷавонони шаҳри Бӯстон аз вазъи баамаломада дар як пораи Ватани маҳбуб - Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки ҷузъи ҷудонопазири кишвар маҳсуб меёбад огоҳ буда, раванди нашри хабару иттилооти тафриқаандозиву бофтаву иғвогариҳои хоинони миллат дар ин хусусро шадидан маҳкум менамоем. Вобаста ба ин ба кулли сокинони Вилояти овозадори Мухтори Куҳистони Бадахшон ва бахусус ҳамсолони худ – ҷавонони замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбуб муроҷиат намуда, хоҳиш менамоем, ки ба андешаву ақидаҳои зархаридон ва кӯрдилон дода нашуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар мубориза бо ин неруҳои аҳриманӣ қадамҳои устувор гузоранд.

Ҳар лаҳзаву ҳар соат душманон ва нотавонбинон, хоинони миллат, ки шукуфоиву пешрафтҳои кишвари маҳбуби моро дидан намехоҳанд тариқи шабакаҳои иҷтимоиву дигар воситаҳои ахбори умум андешаҳои муғризонаро оид ба тадбирҳои Ҳукумати кишвар вобаста ба пешгирии интиқоли маводи мухаддир, пешгирии гардиши нақлиёти берақам дар вилоят, ҷамъоварии силоҳ нашр намуда, ин омилҳоро навъе аз амалиёти давлат нисбат ба сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон маънидод намуда истодаанд. Ба тамоми мардуми шарифи кишвар ва бахусус сокинони сарбаланди Бадахшон маълум аст, ки солҳои охир зуҳури гуруҳҳои ҷиноӣ ва афзоиши ҷинояткориҳо натанҳо боиси паст задани шаъну шарафи сокинони вилояти Бадахшон гардида истодааст, балки боиси ранҷу озор ва бо роҳҳои гуногун қатлу куштор намудани мардум ва соинони осоишта гардида истодааст.

Коҳиш ёфтани сафи ҷавонони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содир гардидани як қатор ҷинояткориҳо аз ҷониби ҳамсолон боиси нигаронии мо гардида, аз кулли ҳамдиёрон ва бахусус ҷавонони баору нанги вилоят даъват ба амал меорем, ки сулҳу субот, амнияту оромӣ ва ваҳдату ҳамзистиро аз ҳама андешаву омоли муғризона боло дониста, баҳри пешгирии ҳамагуна ҷинояткориҳо дар ин сарзамини кишвар саҳми шоистаи худро гузоранд. 

 Ҷавонони шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh