МУРОҶИАТИ ҶАВОНОНИ МАСТЧОҲӢ БА БАРОДАРОНИ БАДАХШОНӢ

Бадахшон мақоми болонишинон ва парвозгоҳи бузургони миллат аст. Гаҳвораи Бадахшон дар ҳама давру замон тарбиятгари мардони таҳамтан ва боору номус буд, ки корномаи фарзандонаш – Қаҳрамони халқи тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур, Назаршо Додхудоев, Мастибек Тошмуҳаммедов (аввалин генерали тоҷик), Баҳодур Искандаров, Назаршо Назаршоев, Мамадшо Илолов, Мирсаид Миршакар, Ширин Бунёд, Раҳим Масов ва дигарон дар саҳфаи таърихи тоҷикон омурзанда мебошад.

Дар минбари ифтихории Ватан ҷойгирифтани онҳо нишони муҳаббати калон доштани эшон ба Ватан-Модар, шинохт ва эҳтироми тамаддуни мо, қадр намудани арзишҳои миллӣ, талош барои ҳифзи Ватан ва манфиатҳои давлат, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон фаҳмида мешавад.

Дар амри ҳифзи Ватан, ба иҷро расонидани уҳдадории ҳарбӣ дар ҳама давру замон ҷавонони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон боифтихор ва баробар талош варзида, аз ҳамдигар худро кам намедиданд. Баробари омӯхтани дарси матонату мардонагӣ онҳо ҳамчун аъзои як оила бо ҳам дӯсту бародар шуда, бо ин васила миёни минтақаҳои ҷумҳурӣ ваҳдату ҳамдилӣ таҳким ёфта, алоқаҳои хешу таборӣ пайдо мегардид. 

Вале, боиси таасуф медонем, ки дар сафи фарзандони миллат, ҳомиёни Ватан рӯз аз рӯз ҷавонон-парчамбардорони бономусу шарафи миллат аз сарзамини Бадахшон кам шуда истодаанд.

Имрӯз дар сафи Мо – аскарону афсарони қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷойи ҷавонони Хоруғ ва Шуғнон холист! Аҷиб!

Ватан бо фарзандони худ Ватан аст!

Садоқат ба Ватан-Модари худ мебояд, на ба модару зарзамини бегона!

Нафароне, ки мехоҳанд миёни ҷавонон тафриқа ва фитнаҳо андохта, муносибати онҳоро ба халқу Ватан тағйир диҳанд, он хиёнаткороне ҳастанд, ки аз дасти онҳо инсоният имрӯз дар уқубат қарор дорад.

Азобу уқубат ва саргардониҳои мардуми ҷангзадаи кишварҳои мусулмоннишини дунё низ аз «шарофат»-и чунин ашхоси ахримантабиату иззатталаби худхоҳ аст.

Тоҷикистон – Ватани ҳамаи тоҷикистониён аст!

Хизмати ҳарбӣ – мақоми худмуаррифии ҷавонмардон аст!

Ба сафи ҷавонмардон бародарони бадахшонӣ - ҷавонони Хоруғ ва Шуғнонро даъват мекунем!

Биёд бо ҳам ватандорӣ кунем!

Чу мо фарзанди кӯҳҳои баландем,

Бамо пастӣ намезебад бародар! 

Бо эҳтиром ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ

Add comment


Security code
Refresh