Муроҷиат ба сокинони шаҳри Хоруғ

Мо аҳли эҷоди рӯзномаи ноҳиявии Машъал дар ноҳияи Мастчоҳ  ба мардуми шарифи шаҳри Хоруғи ВМКБ муроҷиат карда, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки борои пойдори сулҳу амнияти миллии Ватани азизамон бетарафӣ зоҳир нанамоед. Бо қадри тинҷию оромии кишвари азизамон бирасем ва нисбати гуруҳҳои мутташакили ҷиноятии ВМКБ ба мақомотҳои дахлдор ҳамеша дар ҳамкорӣ бошед.

Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари кори худ санаи 11-уми сентиябри соли ҷорӣ ба шаҳри Хоруғ нисбати мардуми ин сарзамин меҳру муҳаббати беандоза зоҳир намуда, ба роҳбарони шаҳру вилоят ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ супориши ҷиддӣ доданд, ки ҳарчи зудтар барои бартараф намудани гуруҳҳои муташакили ҷиноятӣ чораҳои фаврӣ андешанд. Баъзан гуруҳҳои экстеремистию терористӣ, ки нисбати давлату ҳукумати мо дар дил кинаву адоват дошта, бо супориши хоҷагони хориҷии худ аз мардуми оддӣ истифода намуда, нақшаҳои нопоку хоинонаи худро амалӣ кардан мехоҳанд сади роҳ бояд шуд.

Шукронаи Вахдат, ки мо дар кишвари тинҷу ором зиндагӣ менамоем. Аз хизматҳои бепоёни Пешвои миллат давлату миллати моро имрӯз аксари давлатҳои ҷаҳон шинохтанд ва ҳамкории дутарафа ба миён гузоштаанд. Шукрона бояд кард, ки имрӯзҳо саёҳони хоричӣ ба ин сарзамин ташриф меоваранд ва урфу одатҳои мардуми тоҷикро дар дигар манотиқи олам муаррифӣ менамоянд. Вале имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон чӣ пиру чӣ барно шукронаи давлату миллат ва истиқлоят намуда, дар фазои сулҳу дусти зиндагӣ ба сар мебаранд.

Ёд меорем, солҳои 1992-ро, ки чигуна бесару сомониҳо бар сари мардуми тоҷик омада буд. Мардум байни худ маҳалбозӣ намуда, хуни ҳазорон нафари бегуноҳро мерехтанд, занону кудакони бегуноҳро куштанд, мардум аз тарсу ҳарос қисман ба Афғонистон сафар карданд. Кишвар буйи хун гирифта буд. Чандин нафарон роҳбарии давлатро ба уҳда гирифта вале оташи ҷангро хомуш карда натавонистанд, танҳо Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро зери хатар монда, ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон рафта, гурезаҳои тоҷикро баргардонид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуд.

Аз кулли мардуми баору номуси шаҳри Хоруғ хоҳиш менамоем, ки нисбати чунин амалҳои номатлуб бетараф набошанд.

Бо эҳтиром кормандони рӯзномаи «Машъал»-и ноҳияи Мастчоҳ.

Add comment


Security code
Refresh