Муроҷиатномаи ҷавонони ш. Панҷакент ба ҷавонони шаҳри Хоруғ

Мо ҷавонони шаҳри Панҷакенти бостонӣ аз пешрафтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон ба зуҳур омадаистода сарфароз мебошем.

Дигаргуниҳои куллӣ тамоми ҷомеаро фаро гирифтааст. Хусусан дар сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон равона шудааст. Дар ин бобат дастовардҳо хело назаррасанд, танҳо дар шаҳри Панҷакент солҳои охир барои наврасон ва ҷавонон беҳбудии шароити кор ва шуғли онҳо бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва вилоят, шаҳру ноҳия майдончаҳои варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, маркази ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ, қасри фарҳанги нав, мактаб ва боғчаҳои бачагона сохта ба истифода дода шудаанд. Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ва колеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент беш аз шаш ҳазор нафар толибилим таҳсил менамояд.

Мо ҳамеша шукргузорем, ки дар шароити сулҳу ваҳдат ва осоиштагӣ ҳаёт ба сар мебарем. Ҷавонони Панҷакент ҳамеша сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Тоқикистонро дарстгирӣ менамоянд.

Мо он тағйиротҳое, ки вақтҳои охир Президенти кишвар дар Бадахшон карданд дастгирӣ намуда, он ашхосе, ки ваъзиятро дар ин минтақаҳои сар ба фалак кашидаи кишвар муташаниҷ мекунанд маҳкум менамоем,

Сиёсати роҳбари давлат дар Бадахшон натиҷаи омӯзиш ва баррасии вазъият, мулоқот ва сӯҳбати Ҷаноби Олӣ бо сокинони вилоят мебошад. Ваъзи имрӯзаи вилоят рӯ ба беҳбудӣ оварда, мардуми сарбаланди онро бо дастовардҳои боз ҳам бузургтар ҳидоят менамояд. Мо медонем, ки мардуми Бадахшон дар шароити душвор кор ва фаъолият мебаранд.

Мо ҷавонони Панҷакент ба ҷавонони шаҳри Хоруғ дар бартараф кардани мушкилиҳои пешомада бурдбориҳо мехохем.

Мо аминем, ки ҷавонон ва наврасони Хоруғ дар пешвоз ва таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон саҳм мегузоранд ва ба тезӣ ба таъмини бехатарӣ ва амнияти шаҳрвандон рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи худро боз ҳам бештар мегузоранд.

Add comment


Security code
Refresh