МУРОҶИАТНОМАИ аҳли ҷомеаи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба кулли мардуми вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Мо, аҳли  ҷомеаи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба вазъияти ҳозираи ба амаломада дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба тамоми мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла ба мардуми сарбаланди Бадахшон муроҷиат намуда, изҳор менамоем, ки набояд фирефтаи суханони гурӯҳҳои  ҷиноятӣ гардида, нисбат ба марзи аҷдодӣ ва сарзамини поки ниёгони хеш ҳар гуна амалҳои номатлубро раво бинанд.

Мутассифона, вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар атрофи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтугузор ва баррасиҳои мухталифе дар васоити ахбор ва миёни мардум баргузор шуда истодааст, ки сиёсати имрӯзаи давлатдории моро намепазиранд ва назари мухолифатомез доранд. Воқеаҳои Бадахшонро тавре обуранг медиҳанд, ки гӯё тамоми Тоҷикистон бар зидди ин минтақа мебаромада бошад. Махсусан, он фирориёну намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои зиддимардумие, ки дар Варшаваи Лаҳистон ва Франкфурти кишвари Олмон қарор доранд, иғвогарӣ намуда, мехоҳанд масъалаи Бадахшонро ба манфиатҳои сиёсии худ истифода баранд. Мухолифини сиёсати имрӯза, алалхусус аз Муҳиддин  Кабирӣ сар карда то Гадоев Шарофиддин ва Шерзамонов Алим ва чанд тани дигар тобиши сиёсӣ дода истодаанд. Дар чунин ҳолат бо боварии комил  метавон  гуфт, ки  мардуми Бадахшон  худашон вазъиятро ба таҳлил гирифта, ба ҳар гуна овозаву иғвогариҳо махкум кардаанд.

Воқеан, дар тули  27 соли истиқлолияти давлатӣ ВМКБ хеле пешрафтҳо карда, садҳо иншоотҳои нав ба кор даромаданд. Солҳои мушкиле, ки ҳатто мардуми пойтахт барқ надошт, дар Бадахшон барқ 24 соат таъмин буд. Барои донишҷӯёни ин минтақа дар пойтахт ҳатман хобгоҳ ва дигар имтиёзҳо пешниҳод мешавад. Хулоса, тадбирҳои андешидаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои решакан намудани  зуҳуроти нангин, даъват намудани тамоми кишварҳои олам ба ҳамоҳангиву ҳамдастагӣ дар роҳи мубориза ва муқовимат бо терроризм аз тарафи тамоми давлатҳои минтақа ва олам дастгирӣ ёфт. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки саъю талоши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона карда шудааст, ки сулҳу суботу осоиштагӣ тамоми оламро фарогир бошад.

Мо, аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ  шукрона аз он мекунем, ки имрӯз бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистони азизамон сулҳу субот ва оромии комил таъмин аст. Мардуми сарбаланди Бадахшон ба қадри сулҳу субот ва оромии кишвар бештар мерасанд. Зеро онҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ заҳри ҳама ғурбату фироқ, бесарусониҳо ва ҷангу ҷидолҳоро чашиданду муқобили бадхоҳони миллат садо баланд карданд.

Бо истифода аз  фурсати муносиб мо - устодону донишҷӯён ва кормандони ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ба сокинони кишвар ва мардуми сарбаланди Бадахшон муроҷиат менамоем, ки  дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҳушёрии сиёсӣ ва зиракиро аз даст надода, баръакс барои дастгир ва ба ихтиёри давлат супоридани гурӯҳҳои ҷиноятӣ, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, барқарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави вилоят якдилона ташаббус зоҳир намоед.

  Дар замони пурталотуми сиёсии имрӯз ба ба мардуми вилояти Кӯҳистони Бадахшон  сидқан муроҷиат менамоем :

-ҳар як шахси миллатдӯсту ватанпарвар баҳри рушду нумӯи ҷомеаи бунёдкору созандаи Тоҷикистони азиз бояд ҳиссагузор бошад;

-нагузорем, ки  наврасону ҷавонони мо дар заминаи пасти маърифати сиёсиву  ҳуқуқӣ  ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил гарданд;

-маърифат-асосӣ болоравии сатҳи зиндагии маънавӣ аст.Тарғиби мафкураи солим ва ғояҳои миллӣ, андешаю арзишҳои умумимиллӣ байни ҳама  қишрҳои ҷомеа зина ба зина бояд тақвият бахшида шавад.

Мо итминони комил дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда  куллӣ сокинони Кӯҳистони Бадахшон ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти иқтидори  давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона иҷро намуда, ҳамаи саъю талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон сафарбар хоҳанд кард.

Add comment


Security code
Refresh