Муқовимат бо коррупсия – вазифаи ҳама

Дар Прокуратураи вилоят ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят бо иштироки муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо доир гардид. Прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов ҷаласаро ҳуси оғоз бахшид. Оид ба мавзӯи асосӣ - ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи мубориза бар зидди коррупсия ва «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар давраи соли 2017 ва ҳашт моҳи соли 2018 сардори шуъбаи Прокуратураи вилоят Шуҳрат Солеҳзода маърӯза кард.

Зикр гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муқовимат бо коррупсия дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои мушаххас андешида шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатро дар бораи мубориза бар зидди коррупсия 25 сентяби соли 2006 дар Консепсияи Созмони Милали Муттаҳид ба имзо расонд. Бо Фармони Президенти мамлакат 14 декабри соли 2010 Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми умумимиллии машваратӣ, мутобиқсозандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ дар амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия таъсис ёфт, ки мақсади асосии он ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди коррупсия мебошад. Бо мақсади паст кардани сатҳи коррупсия дар кишвар, бартараф сохтани монеаҳо, фароҳам овардани шароит баҳри рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани некӯаҳолии халқ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020»-ро қабул кард.

Мавсуф зикр дошт, ки ҷинояти коррупсионӣ бештар дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кумитаи идораи замин, бонкҳо, идораи хоҷагии об, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва субъектони хоҷагидори ғайридавлатӣ ба назар расидаанд. Дар давоми соли 2017 ва ҳашт моҳи соли равон дар миқёси вилоят дар маҷмӯъ беш аз 1400 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор карда, 3582 миллион сомонӣ зарари молиявӣ муайн шуд. Аз ҷумла, дар соҳаҳои тандурустӣ 68 ҳолат ва маориф 66 ҳолати ҷинояти хусусияти коррупионидошта ошкор гардид.

Пас аз суханронии сардори шуъбаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Дилшод Зарифӣ, сардорони Раёсатҳои тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода, муовини якуми раиси Кумитаи замини вилоят Абдураҳмон Мавлонзода сухан карда,изҳор доштанд, ки баҳри ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта дар ҳамкорӣ бо аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии вилоят чораҳои мушаххас хоҳанд андешид.

Дар ҷаласа аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, ректорони донишгоҳҳои олии вилоят, сардорони раёсатҳои маориф ва тандурустӣ, кумитаи замини вилоят, идораи хоҷагии оби вилоят, «Тоҷикстандарт» дар вилоят ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh