КУРИ ТУ БА АЙБИ ХЕШУ БИНОИ КАСӢ…

Изҳори пушаймонӣ ва ба Ватан баргаштани аъзои ТТЭ ҲНИ, ки бо шинохти ҳақиқати ҳол давоми чанд моҳи охир меафзояд, аз як тараф агар саркардагони ин ташкилоти террористиву экстремистиро нигарон аз бамаротиб кам шудани ҷонибдорон ва ифшо гардидани сирру асрори фиребояшон намуда бошад, аз сўи дигар  барои барангехтани дасисаҳои навбатии онон боис гардида истодааст.

Аз нигоштаҳои сомонаҳои хидмагузори онҳо маълум мешавад, ки шаҳрванди ноҳияи Масчоҳ Мирзохуҷа Исмоиловро маҳз Илҳом Ёқубов собиқ  Раиси ТТЭ ҲНИ дар вилояти Суғд ба баҳонаи он ки дар Олмон барояш паноҳдагӣ хоҳад гирифт, ба Аврупо бурда муддатҳо сарсону саргардон  намуда, боз ҳам акнун мехоҳад гуноҳи худро бар гардани дигарон бор намояд. Аз сарнавишти Мирзохуҷа Исмоилов, ки бар асоси дасисабозиҳои навбатии ТТЭ ҲНИ маълум мешавад, ки онҳо хостори боз ҳам гуноҳро бар гардани мақомоти давлатии Тоҷикистон бор намудан ҳастанд.Аммо андеша надоранд, ки дар асл сабаби сарсонии чандинмоҳаву солонаи ў дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Олмону Арабистони Саудӣ, Русия, Беларусия Қазоқистон ва монанди рафтани ў кист? Ҳамон андешаҳои фиребои Илҳом Ёқубов ва дигар саркардагони ТТЭ ҲНИ аст, ки барояш гирифтани паноҳдагиро ваъда дода аммо коре накарданд. Дар натиҷа Мирзохуҷа Исмоилов маҷбур шудааст, ки дар кишварҳои мухталиф муддате саргардон шавад ва ночор бо дарки ин матлаб, ки ин ваъдаҳои бардуруғи Илҳом Ёқубов ва дигар саркардагони ТТЭ ҲНИ ҳаргиз ба ҳақиқат наздикӣ надоранд,  бо пушаймонӣ аз бовар бар ин дуруғҳо ба Тоҷикистон баргаштааст. Чун ин гурўҳи хиёнаткорони миллат эҳсос кардаанд, ки асрори чунин ваъдаҳои пучашон фош гардидааст, маҷбур шудаанд то  ҳар гуна туҳмату буҳтонро нисбат давлат ва мақомоти давлатӣ баён дошта, худ “аз об хушк” бароянд. Аммо ҳар нафаре, ки амиқан ин навиштаи дасисаборро мутолеа мекунад, эҳсос менамояд, ки амри виҷдон ва дарки ҳақиқати  фиреби назар будани ҳама ваъдаҳои ТТЭ ҲНИ ва сарвару саркардадагон Мирзохуҷа Исмоиловро  водор сохтааст, ки  бо хаста шудан аз маҷмўи ваъдаҳои чандинсолаи онон ба тамом аз ҳамроҳӣ бо онҳо даст кашида, роҳи дурустро бо тавсияи падару модар ва наздикон интихоб намояд ва ба Ватан баргашта, воқеиятро шарҳу тавзеҳ диҳад, ки гумроҳ шудааст.

Нуктаи дигаре, ки рўйрост нисбат ба давлат ва мақомоти давлатӣ туҳмат задани ин гурўҳҳои хиёнаткорро нишон медиҳад, ҳамоно таъкиди он аст,ки гўё “яке аз собиқадорони ҲНИТ Аёмиддин Сатторов, ки бо ваъдаи авф ба кишвар баргашт, барои ширкат ба нишасти САҲА-2018  бо ҳайати ҳукумат омада буд, аммо дар ҳалқаи конвой (муҳофизони ҳукуматӣ) мегашт. Ба ӯ иҷоза намедоданд, ки ҳатто аз ҳалқаи конвой дақиқае берун шавад”. Инсоф куҷост? Охир ҳамагон аз рўи наворҳои пахшнамудаи худи ҳамин гурўҳҳо диданд, ки чигуна Аёмиддин Сатторов дар он рўзҳо озодона дар Лаҳистон гаштугузор дошт ва ҳатто ба намояндагони мухолифин ва собиқ ҳамсафони хеш озодона суҳбат мекард. Ин озодӣ ба ҳадде буд, ки  ҳатто яке аз аъзои ин гурўҳ мехост, варақаеро ба дасти ў дода, бо суйистифода аз ин мавқеъ акс бардорӣ кунад ва   ҳамин гуна боз як ҳангомаи навбатӣ биорояд. Хушбахтона, он ҷо намояндагони мақомоти давлатӣ танҳо коре карданд, аз ин дасисаи навбатӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Мутолеаи матолиби ахиран дар бораи вазъи шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла собиқ аъзои ТТЭ ҲНИ ва “Гурўҳ 24” ки аз мамлакатҳои Аврупо баргаштаанд, бори дигар аз он дарак медиҳад, ки ин гурўҳҳои хиёнаткор намехоҳанд, ки дар Тоҷикистон оромиву субот тантана дошта бошанд. Тавре гуфта омад, онон ҳамакнун шикаст ва мағлубияти хешро, ки нобоварии аъзои худашон нисбат ба онҳо боис бар ин мегардад, эҳсос намуда,тавассути нигориши чунин мавод боз ҳам мехоҳанд андешаву афкори мардумро ба самти дигар кашонанд. Аммо ин нуктаи муҳимро дарк намекунанд, ки тирашон аллакай хок хурдааст, зеро на танҳо мардум, балки ҳамакнун ҳамсафону ҳамроҳони  хеш дигар ба ваъдаҳои онон бовар надоранд. Зеро онҳо ба чунин ваъдаҳо бовар намуда, ҳамчун қувваҳои ёрирасон дар баргузор шудани маҷлису маъракаҳои САҲА ва дигар ниҳод иштирок намуданд. Чун ин мухолифони душману Ватан онҳоро бовар кунонида буданд, ки дар натиҷаи ҳамкорӣ ва ва ҳамсафӣ барояшон дар ба даст овардани шаҳрвандии кишварҳои Аврупоӣ кўмак мекунанд. Аммо гузашти фосилаҳо ба онҳо низ имконият дод, ки ба дурустӣ ин ҳақиқатро дарк намоянд, ки ҳамаи ваъдаҳои ин гурўҳҳои ватанбезор ҷуз “бо чормағзи пуч пур кардани доман” коре дигаре беш нест. Ин афзудани нобоварӣ дар миёни ҳамсафонашонро эҳсос намуда, ҳамакнун Илҳом Ёқубов ва дигар ҳаммаслаконаш дар фикри он ҳастанд, ки  ваъдабозиҳо ва сарсону гумроҳ  кардани чандин ҷавонони кишварро аз ҷониби худ нодида гирифта, дар мавриди баргаштани ин гурўҳҳои аз ҳақиқати ҳол огоҳшуда боз ҳам ҳангомаи наверо оғоз бахшанд. Ба қавле айби хешро бар гардани дигарон бор карда, худро “мусичаи бегуноҳ” муаррифӣ кунанд. Ба фармудаи устод Лоиқ:

Кӯрӣ ту ба айби хешу бинои касӣ,

Гул баҳри худӣ, барои кас хору хасӣ.

Н.Нурзод

Add comment


Security code
Refresh