Волоияти қонун дар Тоҷикистон пойдор ва устувор аст

Аз санаи 10-ум то 21-уми сентябр дар қароргоҳи шаҳри Варшава ҳамоиши САҲА доир гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори давлатҳои аъзо ширкат намуд. Соли ҷорӣ намояндагони расмии Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ дар ҳамоиш ба сухан баромада, нуқтаи назари давлати моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва САҲА баён намуданд.

Мутаассифона, мисли солҳои қаблӣ дар кори ҳамоиши САҲА намояндагони ба ном мухолифини Тоҷикистон зери роҳбаладии ТТЭ ҲНИ ва раиси он Кабирӣ ҳузур доштанд, дар даст ҳар гуна шиору овезаҳои бардурӯғ хоинии худро бори дигар нишон доданд. Аз ҷумла дар баромадҳои худ ҳини кори ҳамоиш Муҳидддин Кабирӣ ва пайравону муридони ӯ, ба монанди Илҳом Ёқубов, Шарофиддин Гадоев, Алим Шерзамонов, Нуриддин Ризоӣ, Ҳусейн Ашӯров ва Эшони Наим суханҳои сохтаву бофтаи худро нисбат ба сиёсати феълии Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти олли давлати мо иброз намуданд. Зархаридони наҳзатӣ дар бохти худ, дар нокомии табаддулоти моҳи сентябрии худ мақомоти расмии Тоҷикистонро гунаҳкор дониста, аз давлатҳои аъзои САҲА ва раёсати олии он талаб намуданд, ки ба Тоҷикистон муносибати худро боз доранд ва нисбат ба давлати мо ҳар гуна таҳримҳои иқтисодиву сиёсиро ҷорӣ намоянд.

Онҳо дӯстони ҳизбии худро, ки бо ҷурми ҷиноии хеш тибқи ҳалномаи суд ҷазо гирифтаанд беасос хонда, онҳоро “маҳбусони сиёсӣ” унвон карданд. Дар қатори ба ном “маҳбусони сиёсӣ” Сайидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалии Ҳайит, Ҳикматулло Сайфуллозода ва амсоли инҳоро зикр карданд. Хушбахтона, дар ҷомеаи мо шохаи сеюми ҳокимият мустақил буда, адолати судӣ дар амал бароварда мешавад. Ҳокимияти судӣ тибқи Конститутсия ва қонун ҳалномаи худро нисбат ба ин ё он қонуншиканӣ ба амал мебарорад. Дар раванди баровардани ҳукми судӣ ба ҳокимияти судӣ ягон мақомот ва ё сохторе дахолат карда наметавонад.

Дар кишвар ба ашхосе, ки ҷиноят содир мекунанд ҷазо дода мешавад ва ҳама назди қонун ва суд баробаранд. Волоияти қонун дар ҷомеаи Тоҷикистон пойдор ва устувор аст.

  Дар суханрониҳои худ мухолифини ватангумкарда иброз намуданд, ки озодии сухан ва фаъолияти ҷурналистӣ дар Тоҷикистон дар ҳолати бад қарор дорад. Лек ин ҳама дурӯғ ва иғвои навбатии наҳзатиён аст. ҳоло дар Тоҷикистон телевизион, радио, маҷаллаҳо, рӯзномаҳо вуҷуд доранд ва ҳеҷ гуна  маҳдудият нисбат ба фаъолияти онҳо ба назар намерасад.

Б.АЛИМОВ,
дотсент, мудири кафедраи
муносибатҳои байналхалқии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh