Пешгирии хавфу хатари ифротгароӣ

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақаи моро ба ташвиш овардааст, хатари ифротгароӣ ба ҳисоб меравад. Ин зуҳуроти номатлуб боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ,  бенизомӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегардад.

Мутаассифона, бисёре аз ҷавонони мо аз сабаби дуруст надонистани мафҳумҳои ибодат ба доми ана ҳамин хел ифротгароёни мутассиб зери ниқоби “ходимони дин” ё “ҷӯяндагони роҳи ҳақ” меафтанд. Аммо бояд донист, ки дини Ислом ҳеҷ робитае бо ифротгароӣ ва терроризм надорад. Терроризм ва экстремизм дину мазҳаб, миллат ва Ватан надорад. Бо ин вабои аср муборизаи беамон мебояд ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон  аз рӯи виҷдони худ масъул аст, ки дар пешгирии ин раванд саҳми худро гузорад.

  Имрӯз моро зарур аст, ки ҳушёрии сиёсӣ зоҳир намуда, дастҷамъона бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирӣ ва решакан намудани сабабу шароити барагнезандаи терроризм ва экстремизми динӣ муборизаи қатъии беамон барем ва нагузорем, ки ҷавонони мо ба доми фиреби онҳо афтанд. Набояд фаромӯш кард, ки терроризм ва экстремизм сабабгори хатарҳои бузург, кашмакашиҳои пинҳонии сиёсии идеологҳои ҷангҷӯи ҷаҳон, ҷангу ҷидолҳои динию мазҳабӣ ва қавмию гуруҳҳои манфур мегардад. Дар замони муосир набояд фарди бомаърифат, солимфикр, боирода, ватандӯст, инсонпарвар дар чунин мубориза бефарқ бошад. Бо амали дастаҷамъона пеши терроризм ва экстремизм пурра гирифта хоҳад шуд.

  Омили дигаре, ки имрӯз ҷавононро ба доми ифроту ҷаҳолат кашида истодааст ин ҷанги иттилоотӣ, пахши афкору ғояҳои ифротгаро ва моҷароҷӯ тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошад. Мо бояд байни ҷавонон корҳои тарғиботиро оид ба таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоиштаи  одамон, дӯст доштани Ватан, инсондӯстӣ, расидан ба қадру қиммати истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва бовар накардан ба ҳар гуна фиребу дасисаҳои душманони миллат тақвият бахшем ва бо далелу мисолҳои равшану возеҳ ба онҳо хатарҳо ва оқибатҳои онро фаҳмонем.

Хушбахтона, мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ба сар мебаранд ва зина ба зина иқтисоди кишвар рушд мекунад ва  масъалаҳои иҷтимоӣ ҳалли худро пайдо мекунанд. Ҳамаи мушкилотро мо танҳо дар сулҳу осоиштагӣ бартараф карда метавонем. Аз ин рӯ, ҳар фарди миллатро зарур аст масъулиятшиносона ва содиқона вазифаи хешро анҷом диҳад. Сулҳу суботи кишварро чун гаҳвараки чашм ҳимоя намояд ва бар зидди хоинони миллат ба мисли аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИ муборизаи беамон баранд.

 И.СОЛИЕВ,
дотсент, мудири  кафедраи
 ҳуқуқи судӣ 
ва назорати прокурорӣ

Add comment


Security code
Refresh