ҶУДОИАНДОЗОН ДАР БАДАХШОН ҲЕҶГОҲ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД!
- Details
- Published on Wednesday, 21 February 2024 10:39
Мо зиёиёни кишвар хуб дарк менамоем, ки чӣ рӯзҳо мудҳишро миллати тоҷик паси сар карда, айни ҳол ба қадри сулҳу оромӣ расида истодааст.
Ба ҳазорон гурезагони ноумедгашта умед бахшида сазовори боварии тоҷикону тоҷикистониён гардид. Ба хотири ободии Ватани шабу рӯз меҳнат намуда, нагузошт, ки як нафар аз муҳоҷирони мо дар ғарибӣ умр ба сар барад. Фаъолияти меҳнатии хар ашхос новобаста аз он ки дар кадом соҳа, бо кадом касбу кор, аз кадом маҳалу миллат, пеш аз ҳама ба меҳру муҳаббат ба Ватан-Модар вобастагии қавӣ дорад. Барои ҳар ашхоси бо тафаккуру дурандеш сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ боиси устувории ҷомеа мебошад. Зиндагонии орому осоиштаи сокини ҷомеа, бидуни сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ имконнопазир аст.
Ҳукумати мамлакат ҳамеша аз паи такмили қонунгузории миллӣ буда, ба манфиати шаҳрвандони ҷумҳурӣ амал менамоянд, ки мардуми Бадахшон истисно нестанд. Дар ҷое, ки мардум кору фаъолият доранду бе ихтиёри хеш муносибатҳои ҷамъиятиро бо таври объективӣ ба миён меоранд. Бартараф кардани камбудиҳо, зиддиятҳо, низоҳо танҳо ба манфиати миллат, ҷомеа, шаҳрвандон амалӣ мегарданд. То ҷое ки ҷомеа ҳаст мардум бо заҳмати бунёдкорӣ машғуланд сулҳу ваҳдат арзиши бузург аст, масъалаҳои ҳалнашуда зиддиятҳои хислати субъективию объективӣ дошта дар ҳама гуна ҷомеа ҳамеша пеш меоянд, бояд дар вақташ ҳалли худро ёфта бартараф шаванд, боз навбати минбаъда масъалаҳои дигари ҳанӯз ҳал нашуда пеш меоянд, ки табиист.
Мо бояд шукургузор бошем аз мушкилиҳо наҳаросем. Аз ин рӯ ҳар яки мо зери сиёсати созндаи давлату ҳукумат сарҷамъ бошем. Нагузорем, ки ягон нохалаф амнияту оромии моро рахнагун созанд.
Почоева Д. – н.и.ф., дотсенти
кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ