ТАЪМИНИ СУБОТ ВА АМНИЯТ ВАЗИФАИ ҶОНИИ ҲАР ДАВЛАТ АСТ!

Барои бақои ҳар ҷомеа ва рушду инкишофи он суботи сиёсӣ ва амнияти ҷамъиятӣ аз ҷумлаи муҳимтарин талаботҳо ба ҳисоб меравад. Аз замони пайдоиши худ давлат маҳз дар анҷоми ин вазифаҳои муҳими сиёсӣ машғул буда, вобаста ба тавоноӣ ва иқтидорӣ ҳарбии хеш ин вазифаи муҳимро анҷом медиҳад. Хоссатан дар давлатҳои низоми демократӣ дошта, давлат қабл аз ҳама масъули таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти давлатӣ дониста мешавад. Масъалаҳои дигари иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ бошад, бо иштироки фаъоли мардум ҳал мегардад.

Муроҷиати шаҳрвандони вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар мавриди аз тарафи давлат пурзўр шудани назорат нисбати масъалаи сиёсиву амниятии минтақа ва аз байн бурдани нигоҳдошти ғайриқонунии аслиҳа дар байни шаҳрвандон, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо низ нисбати ин масъала бетараф нестанд ва мехоҳанд, ин раванд бо иштироки намояндагони мардум анҷом дода шавад. Саволе ба миён меояд, ки магар дар байни кормандони мақомотҳои давлатӣ намояндагони мардум нестанд? Гумон аст, ки намояндагони мардум дар мақомотҳои давлатӣ кору фаъолият мебаранд ва дар шароитҳои зарурӣ назари хешро нисбати масъалҳои ҷомеа баён менамоянд.

Аммо имрўз гурўҳу созмонҳое ҳастанд, ки масъалаи пурзўршавии фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро нодуруст шарҳ дода, мехоҳанд байни мардум ва ҳокимият як навъ ҳисси нобовариро ба вуҷуд оранд. Бо ин роҳ мехоҳанд ба пешравии кишвар монеа эҷод намуда, обрўву эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст намоянд.

Имрўз гурўҳҳое ҳастанд, ки бо ҳар баҳона дар байни мардум фитна андохта, назари аҳолиро нисбати ҳокимият дигаргун кардананд. Баъзан Сардори давлатро айбдор мекунанд, ки солҳои тўлонӣ дар сари қудрат қарор дорад, баъзан ҳокимиятро бо порахўриву ноўҳдабарорӣ айбдор менамоянд ва ҳоло бошад мавзўи нави онҳо ин айбдор намудани мақомотҳои қудратӣ нисбати пўрзўр намудани тафтишот ва назорати равандҳои сиёсии ҷомеа мебошад.

  Имрўз ба ҳамагон маълум аст, ки ВМКБ дар сарҳадӣ байни Афғонистон қарор дорад ва он яке аз минтақаи ҳассоси кишвар дониста мешавад. Ҳам масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳам фаъолияти ҳизбу созмонҳои террористӣ мавзўъҳои хавфнок ба ҳисоб рафта, давлат пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, муқобили он муборизаи худро пурзўр  намояд. Зеро таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи суботи сиёсӣ вазифаи асосии давлат ба ҳисоб меравад. Бетарфӣ нисбати ин масъалаҳо ва бедиққатӣ метавонад ба якпорчагии давлат хатар эҷод намояд. Аз ин рў тарзи корбарии мақомотҳои қудратӣ дуруст баҳо дода шуда, онро ҳамчун роҳи ҳифзи суботу оромии ҷомеа маънидод карда шавад. 

Мақсади Роҳбари давлат низ аз он иборат аст, ки оромии минтақа ҳифз карда шуда, гурўҳҳои ҷинояткор нисбати рафторҳои ғайриқонунии худ дар назди қонун ҷавоб диҳанд. Агар бо ҷиддияти том нисбати масъала муносибат нашавад, чунин гурўҳҳо боз қувват гирифта оромии ҷомеаро аз байн мебаранд. Бинобар ин пурзўршавии  кори мақомотҳои қудратӣ нисбати нигоҳдошти ғайриқонунии яроқ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва гурўҳҳои ҷинояткор ҳамчун роҳи таъмини суботу оромии ҷомеа фаҳмида шавад ва набояд ин амалро аз рўи гумонҳои беасос нодуруст таъриф намуд.

Мо аз хотир набарорем, ки пешрафту ободии кишвар танҳо дар ҳолатии оромӣ, ягонагии ҷомеа, ваҳдати саросарӣ ва ҳифзи якпорчагии он имконпазир аст. Ҳамагон хуб медонем, ки сол аз сол шароити иҷтимоии мардум беҳтар шуда истодааст. Корҳои ободониву созандагӣ бо суръат идома дорад. Боварии комил дорем, ки  дар ҳолати тиниҷиву оромӣ ва ягонагии ҷомеа дар арафаи 30-солагии соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд ва шароити сокинони ҷумҳурӣ боз ҳам беҳтар мегардад. Ягона вазифаи муҳими мо шаҳрвандон ба дасисаву фитнаҳои бегонагон дода нашудан ва пайваста саҳм гузоштан дар ободиву созандагии кишвар мебошад. Зиндагии моро ба ҷуз худи мо касе беҳтар намекунад.

Албатта, давлатро зарур аст вазъияти имрўзро ба мардуми Бадахшон дуруст шарҳ дода, дар пешрафти ҷомеа аз нерўи онҳо самаранок истифода намоянд. Вақте худи онҳо вазъиятро дуруст дарк намоянд, шояд қазоваташон нисбати тарзи фаъолияти мақомотҳои қудратӣ тағйир ёфта, тарзи бархўрдашон дигаргун гардад.

Шўҳрат Саидзода -  н.и.с., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh