ПОБАНДИ ХУРОФОТ НАБОШЕМ!

Дар таърихи чанд ҳазорсолаи башарият ҳамроҳи андешаҳои поки инсонӣ  маҷмӯи ақидаҳои бе аслу ботил,хилофи мантиқу шариат ба вуҷуд омада,мардуми авомро гумроҳ кардааст, ки ин ҳодисаи номатлубро хурофот ном наҳодаанд.

Хурофот ин расму одатҳои зараровар,андешаҳои авомфиребона,тақлиди кӯр-кӯрона ва решааш ҷаҳлу нодони аст.

Мутаассифона, хурофотпарастӣ дар байни мардум бо вуҷуди тараққиёти илму техника то ҳол зиёд аст ва касоне, ки ба хурофот боварӣ доранд, аз зарари он бехабар ҳастанд.

Хурофотпарастӣ аз нигоҳи таълимоти дини Ислом маҳкум мешавад,зеро ҳар феълу атворе, ки хилофи ақл буда пояи илмӣ надошта  бошад ,мавриди мазаммат қарор мегирад ва бовар кардан ба ҳилаву найранг,  тақлиди кӯр-кӯрона  ба ақидаи динии мардум  таъсири манфии худро мерасонад.

Хурофот ва хурофотпарастӣ дар байни мардум кам нест. Наъли аспро ба дару дарвоза задан,аз пеши мошин гурба гузарад ба тарсу ваҳм афтодан, хуни гӯсфандро ба тани бемор молиш додану ба сеҳру соҳирӣ  машғул шудан, дар моҳи Сафар тӯй накардан урфу одатҳои зараровар ба ҳисоб рафта, пояи илмӣ надорад ва сабаби хаёлҳои ботил мебошад.

Агар ба китоби Қуръони карим ва Ҳадисҳои шариф назар афканем, дар ин сарчашмаҳои муътабар ба ақлоният, тафаккур,эътиқоду иътимод даъват мешавад. Афсус,ки аксари ҳилаву найрангҳо ва  хурофоти зараровар  аз номи дин дар афкори мардум ҷой гирифтааст.

Мутаассифона, бо вуҷуди пешрафти илму дониш ва технология хурофотпарастӣ вуҷуд дошта,рӯй овардан ба он мардумро ба ҷаҳолат мебарад.Имрӯз олимон,шоирону нависандагон,ходимони дин, дар умум аҳли зиёи кишвар бояд бар зидди хурофот мубориза баранд.

ХОҶӢ  ҲУСАЙН МӮСОЗОДА,
сархатиби масҷиди марказии Шайх Маслиҳатдин

Add comment


Security code
Refresh