ХАТАРИ ГУРӮҲҲОИ ҶИНОТЯПЕША БА АМНИЯТИ ҶОМЕАИ БАДАХШОН

Чанд аз нафарони зархарид аз номи мардуми Бадахшон ба унвони Президенти мамалакат ва Маҷлиси Олӣ муроҷиатнома навиштанд. Дар муроҷиатнома зикр мекунанд, ки гўё вазъи вилоят ва хосатан, Хоруғро маҳз ташаббуси ташкили комиссияи ҳукуматӣ барои мубориза алайҳии қочоқи маводи нашъадор ва силоҳ муташаниҷ намуда бошад, ки асоси воқеӣ надорад. Зеро ба андешаи мо вазъро маҳз шахсиятҳои ҷиноятпешаи маҳаллӣ  муташанниҷ мекунанд.

Мавриди тазаккур аст, ки Бадахшони кўҳӣ субъекти худмухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди мамлакат ҳукуқи легитимии талаб кардани тартиботи ҷамъиятиро дорост. Онҳо аз рўи салоҳияту вазифаҳои функсионалии хеш хидмати давлатиро ба таври қонунӣ ба роҳ мемонанд ва ҳамчун кафили сулҳу оромии минтақа баромад мекунанд.

Аҳолии минтақа ҳанўз соли 2012-ум шоҳиди муборизаи муақомот бо гуруҳҳои ҷиноятпеша бошанд ҳам, барои худ хулосаи амиқ набаровардаанд, ки дар безарар гардонидани доираҳои ҷиноятпеша бо сохторҳои марбута ҳамкорӣ намуда, баҳри сулҳу суботи минтақа ҳиссагузор бошанд.

Боварии комил дорем, ки сохторҳои марбутаи Тоҷикистон баҳри ҳалли қазияи мазкур ба манфиати аҳолии Бадахшон чораҳои  пурмаҳсул меандешанд ва ба саволҳои пайдо шуда ҷавоби дурусту босалоҳият медиҳанд.

Шоёни таҳсин аст, ки аҳолии Бадахшон дар муроҷиатномааашон ҳамфикрии хешро нисбати талаби сарвари давлат дар бораи он, ки «ҳеҷ ягон ҷинояти дар ҳудуди  Бадахшон содир шуда бе ҷазо нахоҳад монд ва ҳар як ходими мақомоти қудратӣ, ки сиёсати давлатро дастгирӣ наменамоянд, аз кор сабукдўш хоҳанд шуд» баён доштаанд.

Дар муроҷиатнома сухан дар бораи ҷалб кардани САҲА (ОБСЕ) дар мусоидат ба раванди бесилоҳгардонӣ қобили қабул намебошад, зеро солҳои охир мавқеи душманонаи ташкилоти мазкур аз ҳар ҷиҳат маълум гардида, нисбати Тоҷикистон сиёсати духўраро пеш мебарад,  ки ҳеҷ гоҳ ба манфиати кишварамон маҳсуб намеёбад.

Яқубов Ҷ.К. – н.и.с., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh