Некномӣ гар бихоҳӣ, доимо якранг бош…

Фаъолияти тахрибкорона, хиёнат ба давлату миллат, ҷинояти аъзоёни фаъоли ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати ислом бо далелҳои муътамад ва мисолҳои дақиқ таҳлил ва собит шудааст, ки пайравони ин ҳизб мазҳаби бегонаро қабул намуда, дар хизмати доираҳои махсуси идеологии он қарор гирифтаанд. 

Баъди шунидани далелҳои раднопазир дар бораи хиёнату  мазҳабфурӯшӣ, ноҷавонмардии наҳзатиён, чӣ навъе дар  урфият мегӯянд, ба “ҷомаи роҳбарони фирории ТТЭ ҲНИ кайк даромада”, ба изтироб афтода, тавассути воситаҳои ахбори хориҷӣ, маъракаи сафедкунии фаъолияти худ, ба мазҳаби ҳанафия содиқ буданашонро исбот карданӣ шуданд, ҳол он, ки санадҳои таърихӣ, худи фаъолияти ин ҳизб аз таъсисёбӣ то имрӯз нишон медиҳад, ки аксарияти роҳбарони ҳизби наҳзат аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ муридони роҳбари Инқилоби Исломии Эрон  Оятулло Ҳумайнӣ буданд, ҳамеша дар фаъолияти харобиоварӣ бо нишондод ва маслиҳати онҳо амал мекарданд.

Насли калонсоли тоҷик хуб дар ёд дорад, ки наҳзатиён дар майдону маҳалҳо роҳбари инқилоби исломии Эрон Оятулло Ҳумайниро «Хазрати имом» номида, пайравӣ намудан ба ғояҳои ӯро воҷиб мешумориданд. Бесабаб нест, ки имрӯзҳо ҳам роҳбарони баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон, қатъи назар аз он, ки  ТТЭ ҲНИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби террористиву экстремистӣ эълон гардида, фаъолияташ манъ карда шудааст, ба ҳузур мепазиранд, аз ҷиҳати моливу сиёсӣ дастгирӣ меёбанд. Агар мабодо далелҳои овардаи сохторҳои расмии давлатӣ шубҳаангез бошад, пас  ба далел ва изҳоротҳои собиқ наҳзатиён ва онҳое, ки имрӯз аз  кардаашон пушаймон шуда, ихтиёран дар бораи фаъолияти хиёнаткоронаи худашон ва хоҷагонашон маълумот медиҳанд, чӣ гуна бовар накунем?  Масалан, маълумоте, ки дар рафти пахши филми мустанад, Саид Қиёмиддини Ғозӣ ба ном «генерали мардумӣ», дар майдони «Шаҳидон» ҳамчун сухангӯи майдон баромад мекард ва домулло Айёмиддин дар филми “Бозгашт аз ҷаҳаннам” аз вазъи имрӯзаи муносибати дӯстона ва неки роҳбарияти олии Эрон бо ТТЭ ҲНИ-ро баён намуданд. Эшони Қиёмиддин дар ҳолате дастгир шуд, ки аз Эрон ба самти Русия сафар мекард ва дар ҷайби ӯ ҳазор-ҳазор маблағҳои хоҷагони хориҷиён буд ва худаш ҳам иқрор гардидааст, ки аз ҳузури хоҷаи худ меомад. Мулло Айёмиддин бошад, чанд муддат дар урдугоҳҳои ҳарбии Эрон ҷавонони тоҷикро машқҳои ҳарбӣ омӯзонидааст. Ин ҳама фактҳои раднопазир гувоҳӣ аз он медиҳад, ки наҳзатиён пинҳонӣ ва ё ошкоро ба мазҳаби бегона пайравӣ кардаанд ва то ҳол мекунанд.

Ба ҳамин маънӣ шоире фармудааст:

Некномӣ гар бихоҳӣ, доимо якранг бош!,

С.МУРТАЗОЕВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh