НАҲЗАТИЁН АЪМОЛИ ЗИШТИ ХУДРО БА САРИ МАҚОМОТ БОР МЕКУНАНД, ВАЛЕ...

Иғвоандозӣ байни мардумони як миллат худ аз чи тавр будани кори муҳассилини ҳизби мамнуъгаштаи ТТЭ ҲНИ, ки имрӯз дар кадом маконе, ҷамъ омадаву Паймони миллӣ созмон додаанд, аз сӯҳбатҳои худхоҳонаи Алим Шерзамонов далел дод. Ва он ҳар паёмади дар кишвари мо ба вуқӯъ пайваста бевосита ба онҳо тааллуқ дорад, агар не пас чаро як нафари ин Паймони миллӣ, ки замоне худро ифтихорманд аз аъзои наҳзатиҳо мегирифтанд.

Имрӯз бошад, аз ин бологириҳо кадом осоре намондааст. Куҷо шуд он ғурури «воло»-и наҳзатиҳо, ки манманиҳо менамуданд. Ё худи эшон пай бурданд, ки фаъолияти ҳизб бефоида аст. Ҳатто онро вирди забон намеоред ва имрӯз бо ташкили созмони Паймони миллии худ чиро ба намоиш гузоштан хостед. Бароям бисёр аҷиб афтод, ки мабодо ин амалҳои нангинро шумо баринҳо содир карда, чун ҳарвақта ба гардани мақомот бор накарда истода бошед. То имрӯз кӯшиши намудед, ки мақомоти давлатиро гунаҳкор кунед. Аниқ шуд, ки тир ба ҳадаф нарасидааст, инашро монда ба сарвари давлат часпидед. Алим Шерзамонов ва дигар назҳатиҳо, ки аъзои фаъоли худхонди Паймонии миллӣ ҳастед, аз хориҷ истода вазъияти кунунии минтақаро ифротгароёна таҳлил мекунед ва пешгӯиҳои сиёсии худро ироа мегардонед. Маҳз то аз Тоҷикистон гурехтанд Алим Шерзамонов яке аз нафарони наздики гуруҳҳои ҷиноятпешаи Хоруғ ба ҳисоб мерафт. Аз нуфузи гуруҳои ҷиноятпеша истифода бурда, даст ба қонуншиканӣ мезад. Аз ҷумла аз бонкҳо қарзҳои калон гирифта, аз супоридани маблағи гирифтааш худдорӣ кард ва сипас ба хориҷа гурехт.

Имрӯз бошад аз амалиёти густурдаи мақомоти давлатӣ нисбати безарар гардонии гурӯҳҳои ҷинояпеша ва дар амал тадбиқ намудани волоияти қонунро  дар ҳудуди Бадахшон чашми дидан надоред. Аз нигоҳи Шумо бояд Бадахшон минтақаи фурӯши озоди маводи мухаддир, тиру туфанг ва қатлу куштор бошад. Ҳама дар даст бо яроқу аслиҳа бошанду амнияти ҷомеа ба сирф баробар шавад. Лек Шумоён (наҳзатиён ва душманони миллат) мисли дафъаи гузашта боз шикаст хӯрдед. Ин навбат амалиёти густурдаи мақомотҳои низомӣ дар Бадахшон самари нек дод. Чандин аъзоёни гуруҳҳои ҷиноятпеша таслим шуданд, даҳҳову садҳо килограмм маводи мухаддир ва лавозимоти ҳарбӣ мусодира карда шуда, таъмини сулҳу субот ва амнияти минтақаро ба кулли давлат ба дасти худ гирифт. 

Ин кирдорҳоро танҳо сиёҳдилоне айнан тимсоли намояндагони ТТЭ ҲНИ метавонад, содир намоянд. Дар дохили миллат иғво андохтед нашуд, ҳоло оғоз кардаед, аз ҳар минтақаҳое, ки фармондеҳонатон паноҳ додаанд, лақида истодаед. Масъалаи бо Бадахшон кор гирифтани мақомоти давлатӣ дар он аст, ки ин минтақаро аз дасти нохалафоне наҷот бахшад. На ин ки тобеи қудратгариаш созад. Бе ин ҳам ин вилоят, ин марз замини Тоҷикистон аст ва як президенту як қонун дорад. Ягон афсона ва давом додани қудрати хонаводагӣ нест, ки Алим баён доштааст, ин ҳама танҳо барои беҳбудии мардумон аст. Агар ин вилоятро ҳукумат муҳофизат накунад, дар дасти шумобарин худпарастон бозича хоҳад шуд.

Тавре дар боло қайд намудам, ба худи миллат часпидед нашуд, касе бароятон сухан надод, зеро имрӯз мардум аллакай саводнок шудаанд. Дигар мардумони имрӯза ба мисоли асри гузашта нестанд, ки ба суханпардозиҳои Кабириву наҳзатиён гӯш андозанд.

Ба Алим Шерзамонов ва дигар намояндагони ба ном Паймони миллӣ гуфтаниам, ки имрӯз мардум медонанд, ки ба сухани кадом нафар бовар кунанд. Сиёҳро аз сафед ва ҳаққро аз ботил фарқ карда метавонанд. Ба миллати мо чаламуллоҳову чалатаҳлилгарони наҳзатие, ки ақидаи ифротӣ доранд лозим нест. 

(Изҳороти Муртазоев С. – н.и.ф., дотсенти
кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ)

Add comment


Security code
Refresh