ИФРОТГАРОӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ШУУРИ ҶОМЕА

Терроризм ва экстремизм ҳалқаҳои як занҷираро ифода мекунанд. Ифротгароӣ ин назарияи тайёрӣ, вале терроризм ин иҷрошавиро мефаҳмонад. Терроризм фаъолияти пинҳонӣ оид ба амалӣ гардонидани зуҳуроти ифротгароӣ, тоқатнопазирии агрессивӣ мебошад. Байни руҳияи экстремистӣ ва террористӣ занҷираи миёнаравон – аз «маблағгузорон» ва «тарроҳон» то ташкилкунандагон ва иҷрокунандагони сўиқасд мавҷуд мебошад. Терроризм сиёсате мебошад, ки то имрўз мафҳуми ягонаро надорад. Террор аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънои тарс ва даҳшатро мефаҳмонад. Синоними ин калима «зўроварӣ», «таҷовуз» ва «таҳдид» мебошад, ки ҷомеаи башарӣ бо ин зуҳурот охири асри XX ва аввали асри XXI рў ба рў гашт.

Ифротгароӣ бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба инсоният таҳдиду хатарҳои зиёдеро эҷод карда истодааст.

Пўшида нест, ки дар натиҷаи амалҳои террористӣ ҳар рўз даҳҳо инсони бегуноҳ қурбон гардида, мавзеъҳои сўхта ба харобазор табдил меёбанд. Аслан, ин неру аз ҳисоби ҷавонони кишварҳои гуногун сафҳои худро зиёд мекунанд. Роҳбарони гурўҳҳои ифротгаро ба ҷавонони гумроҳ ваъдаҳои зиёди пулию молӣ дода, онҳоро ба коми оташ тела медиҳанд, вале бо итминон метавон гуфт, ки рўзе ин «нерўи тавоно» ба шикаст дучор мегардад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе аз созмонҳои террористӣ, назири «Таблиғ», «Ал-қоида», «Салафия» дар ҷумҳурӣ фаъолияти таблиғоти бурда, сокинони кишварро барои пайвастан ба сафҳои худ ва иштирок дар муҳорибаҳои ҷангӣ дар шимоли Покистон, Афғонистон, Сурия ва Ироқ ташвиқ мекунанд. 

Ғайр аз ҷавонон, мутаассифона, ҳолатҳои ба таври оилавӣ ба Сурия рафтани сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар ҷой дорад. Онҳо аслан, муҳоҷирони меҳнатие мебошанд, ки дар Русия ба доми фиреби гурўҳҳои ифротӣ афтида, ба ин кишвар фиристода шуданд.

Рўзе нест, ки дар расонаҳои ахбори дохиливу хориҷӣ пахши гузориш ё хабари даҳшатафканиҳои гурўҳҳои террористӣ, бахусус, ҷангиёни «Давлати исломӣ» вуҷуди инсонҳоро ба дард наёрад.

Раванди ҳодисаҳо нишон медиҳанд, ки ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ торафт хусусияти фаромиллӣ касб карда, ба яке аз муаммоҳои ҷиддии глобалӣ табдил ёфтааст. Тавре маълум аст, чунин зуҳуроти хатарнок минтақа ва кишварҳои алоҳидаи ҷаҳонро фаро гирифта, таҳдид ва амнияти сокинони сайёраро меафзояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардидани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ – террористӣ эътироф намудани онро, ки роҳбаронаш даст ба хиёнату ҷиноят зада, мехостанд, ҳокимияти конститутсиониро барҳам диҳанд, шаҳрвандони кишвар амалӣ дуруст ва одилона меҳисобанд.

Таҳлили фаъолияти солҳои охири Ҳизби наҳзати исломӣ нишон дод, ки он аз аввали ташкилёбиаш (моҳи декабри соли 1991) барои сарнагун намудани сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани қудрат талош карда, дар сар задании ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (соли 1992) даст дошта, маҳз бо ҳамин сабаб он замон баста шуда буд. Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳизби наҳзат аз нав номнавис шуда, ба фаъолият оғоз кард.

Аммо ба ҷои гузоштани саҳм ба рушди кишвар ва якпорчагии миллати тоҷик аъзоёни ин ҳизб шумораи зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию ифротгароӣ доштаро содир намуданд. Хушбахтона дар муддати кўтоҳ вазъи ба вуҷуд омада бартараф карда шуд ва иштирокдорони он мувофиқи қонун маҳкум шуданд. Дар асоси ин далелҳо фаъолияти ТТЭ ҲНИ мувофиқи қонуни ҷиноӣ қатъ гардида, ғайриқонунӣ ҳисобида шуд. Аксари аъзоёни наҳзат сари вақт хатои худро дарк намуда, тарки узвияти ин ҳизб карданд. Онҳо фаҳмиданд, ки фаъолияти ин ҳизб на ба рушди кишвар, баръакс ба таназзули он оварда мерасонад.  

Бояд тазаккур намуд, ки терроризм ва ифротгароӣ дар ягон давраю замон саҳми худро ба рушди ҷомеа ё иқтисодиёт намегузорад. Мисоли равшани онро мо ҳамагон дар фаъолияти “ДИИШ” ва ТТЭ ҲНИ мебинем.

Тоҷибоев Ш.А. – н.и.ҳ., дотсент,
 декани факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh