ҚАТЛУ КУШТОРУ ҒОРАТ БО НОМИ ДИН

Нафароне пайдо мешаванд, ки хилофи шариат амал намуда, барои манфиатҳои шахсӣ ва ё гурӯҳӣ бо номи Ислом ҳизбҳои динӣ ташкил мекунанд, қатлу кушторро пешаи худ сохта, дар таълимоти худ зулму тааддиро мояи фахр медонанд.

Аз чунин ташкилотҳо, ки имрӯз ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон гардидаанд, ҳизби Ихвонул-муслимин дар Миср, Созмони Фатҳулло Гулен дар Туркия ва ҳизби хиёнаткори наҳзат дар Тоҷикистон мебошанд.

Ҳафтаи дуввуми ҳамин моҳ дар масъалаи "Мубориза бар зидди терроризм" дар шаҳри Коҳираи Миср ва шаҳри Истамбули давлати Туркия ду конфронси байналмилалӣ барпо гардид, ки дар ҳарду ҳамоиш раиси Шӯрои уламои  Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Албатта, ба ҳамагон маълум аст, ки мардуми Миср дар сад соли охир аз дасти аҳзоби динӣ азият мекашад, то замони Ҷамол Абдулносир аз дасти ихвониҳо ҳазорон мардуми Миср кушта шуданд ва ҳангоме соли 2012 Муҳаммад Мурсӣ  ба сари қудрат омад, аввалин шуда Муҳиддин Кабирӣ ба мулоқоти ин ихвонӣ  шитофт. Соли 2013 Мурсӣ ҳамчун террорист ҳабс ва ҳизби диниаш ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон гардид.

Дар Туркия бошад, бо кирдори нохалафонаи роҳбари Созмони динии Гулен - Абдуллоҳ Гулен ҳаракати табаддулоти давлатӣ ба вуҷуд омад, ҳазорон одамон зарар диданд. Вале адолат ғолиб омад, Гулен ва ҳампешагонаш шикаст хӯрданд ва ин созмони динӣ экстремистӣ-террористӣ эълон карда шуд.

Ҳар сол дар Миср ба фатвои шаръӣ таҷдиди назар ва агар зарурат пайдо шавад, бо иттифоқи уламо фатво содир карда мешавад.

Дар конференсия Саидмукаррам Абдукодирзода дуруст пешниҳод намуд, ки дар ҳаққи ТТЭ ҲНИ ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористии  байналмилалӣ фатво содир карда шавад.

Дар ин ҳол Кабирӣ ва ҳамтабақонашро давлатҳои мусулмоннишин ҳамчун террорист мешиносанд ва ҳеҷ вақт ба суханҳои ин хоин бовар намекунанд.

ҲОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА,
 шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh