Иттилооти иғвоангезонаи наҳзатиёни хоин рӯи худашонро сиёҳ мекунад!

Душманону хоинони  давлату миллат бо ҳар роҳу васила дар васоити ахбори омма, махсусан дар сомонаҳои иҷтимоии худ маълумотҳои бардурӯғро доир ба фаъолияти кунунии Ҳукумати Ҷумҳурӣ паҳн намуда истодаанд.

Яке аз чунин сомонаҳои иғвоангези наҳзатиён ин торномаи payom.net  аст. Аз ҷумла ҳафтаи охир дар сомонаи мазкур мақола доир ба сафари роҳбарияти  кишвар ба Ҷопон нашр гардид. Дар он қайд мешавад, ки ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат ночиз аст. Лекин боз ҳамин сарчашма маълумот медиҳад, ки агар ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва Ҷопон аз соли 2010 то соли 2017 ба 10 миллион доллари амрикоӣ баробар бошад, пас соли 2017 он ба 30 миллион расидааст.

Беақлии таҳлилгарони наҳзатӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин тоифаи хоинон аз зиёдшавии ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат, аз вориди ташҳизотҳои пешқадами  ҷопонӣ ба соҳаҳои саноат ва маориф дар ташвишанд. Аз нигаронии наҳзатиён ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки  онҳо бар зидди инкишоф ва рушди давлат, аз ҷумла давлати аграрӣ ба давлати индустриалӣ гузаштани Тоҷикистонанд.

Бо ин васила душманони миллат бо нашри маълумотҳои бардурӯғ дар ҷомеа тухми низову кинаро кишт карданианд.  Инчунин дар мақола  қайд мешавад, ки ягон санади муҳими ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон имзо нагардидааст. Албатта ин ҳам нодуруст аст, зеро ҳафт санадҳои байнидавлатии имзошуда фарогири ҷанбаҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, варзишӣ ва фарҳангианд.

Пас ин ашхосро месазад, ки қабл аз навиштан авал андеша намоянду дурӯғу найранги худро ба мардуми мо бор накунанд.

Аз таҳлилҳои бемантиқӣ наҳзатиёни хоин бармеояд, ки аз мақолаҳои эшон бӯи ҷангандозӣ, низову адоват меояд.

Мо, шаҳрвандони мамлакатро зарур аст, ки ҳамарӯза зиракии сиёсии худро аз даст надода, зери сиёсати созандаи давлату ҳукумат сарҷамъ бошем, баҳри ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллии худ, ваҳдат, сулҳу субот кӯшиш намоем. 

Ҳ.Қурбонов,
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh