Бахтномаи миллат

Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар раванди ташаккули давлатдории навин як қатор дастовардҳо ба миён омада, бори нахуст дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Қонуни асосӣ - Конститутсияи кишвар бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6-уми ноябри соли 1994 қабул карда шуд.

Конститутсия ба бунёди ҷомеаи дунявию ҳуқуқбунёд ва инкишофи он замина фароҳам овардааст, зеро он бо арзишҳое, ки мақсаду мароми мардуми кишвар буд, асос ёфта, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эълон намудааст. Ҳамзамон, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ будани Тоҷикистони азиз дар моддаи 1-и Конститутсия дарҷ гардида, дар меъёрҳои мухталифи он сарчашмаи ягонаи давлатӣ ва баёнгари соҳибихтиёр будани халқи Тоҷикистон, ягонагӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, озодии эътиқод, сухан ва воситаҳои ахбори омма, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва баробарҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, дар асоси эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатҳо ва тибқи меёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амалӣ намудани сиёсати хориҷӣ дарҷ карда шуданд.

Дар Конститутсияи кишвар вазифа ва мақсаду мароми ҳокимияти судӣ, принсипҳои ба амал баровардани адолати судӣ, тартиби таъину озод ва муҳлати ваколати судяҳо муайян карда шуд. Моддаи 84-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуну адолатро ҳифз менамояд. Аз ин муқаррароти Конститутсия бармеояд, ки дар ниҳоят адолати судӣ ва дар маҷмуъ, адолати иҷтимоиро суд ба амал мебарорад.

Ин аз ҷониби судяҳо ва судҳо бо роҳи ҳаллу фасли парвандаҳо дар мурофиаҳои ҷиноятӣ, граҷданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва баррасии парвандаҳои маъмурӣ татбиқ карда мешавад. Зикр кардан бамаврид аст, ки мақомоти судии кишвар ҷиҳати таъмини адолати ягона ва риояи ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёни ҷомеа, муассисаю корхона ва ташкилоту созмонҳо талошҳои босамар анҷом медиҳанд.

Дар ин раванд такомул бахшидани ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ бо назардошти инкишофи ҷомеа, муносибатҳои нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳрири нав ва қисми дигар бори аввал аз ҷониби мақомоти қонунгузори кишвар қабул карда шудаанд.

Шарифзода Мавҷуда Рауфӣ,
раиси Суди шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh