БАДАХШОН САРМАНШАИ СУЛҲУ ОРОМИСТ

(Дар ҳошияи суханронии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмумин Ятимов дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон )

Тавре аз гузориши раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Сайидмумин Ятимов, ки дар назди намояндагони фаъоли Бадахшон  сурат гирифт, ба мушоҳида мерасад, таъминоти оромиву сулҳ дар ин ҷо боиси рушду нумӯи на ин ки қаламрави кишвар ба шумор меравад, балки ин ҳадаф аҳамияти минтақавиву байналмилалӣ дорад. Зеро дар қаламрави вилоят сохтмони чандин иншооти хусусияти минтақавидошта  дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки роҳи байналмилалии Абрешим ҳамин минтақа мегузарад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз ҷониби Сарвари давлат ҳамчун дарвозаи тиллоии мамлакат арзёбӣ мегардад, бо мардуми соҳибмаърифату маорифпарвараш шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда, маркази сайёҳӣ дар минтақаи Осиёи Миёна эътироф гардидааст. Бояд имрӯз ҷавонони боистеъдоду баори ин минтақаи таърихӣ барои ҳифзи ин мероси гаронмоя нақши сазовору созанда дошта бошанд. Хушбахтона, боиси сарбаландиву сарфарозии ҳамаи мост, ки дар фурсати начандон тӯлонӣ ҷавонони баору номус ва дар маҷмӯъ мардуми сарбаланди Бадахшон моҳияти сиёсати дурбинонаи Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва осоиштагии мардум фаъолиятҳои назаррас зоҳир карда истодаанд, ки ин албатта, муваффақият ба шумор меравад.

Таъмини амният дар миқёси Кӯҳистони Бадахшон аҳамияти минтақавиву байналмилалӣ ба худ касб кардааст.

Мо - аҳли илму маорифро қасамёдкунии саркардаҳои ҷиноии ин вилоят қаноатманд кард ва ин албатта, агар аз як ҷиҳат натиҷаи кори ситоди доимоамалкунандаи байниидоравӣ дониста шавад, аз ҷиҳати дигар хидмати бедареғи худи мардуми Бадахшон ба шумор меравад, ки аз чунин кирдорҳои ноҷавонмардонаи ҷинояткорон дилбазан шуда, дигар намехоҳанд, ки чунин корҳо домани васеъ дошта бошад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорои сарҳади тӯлонӣ бо Афғонистон буда, дар саргаҳи мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз ҷумла, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, фурӯши силоҳ ва шикастани сарҳад  қарор дорад. Аз ин ҷиҳат, оромии ин минтақа оромии мамлакат буда, солимии мардуми он саломатии имрӯзу ояндаи миллат ба ҳисоб меравад.

Дар маҷмӯъ, мо аз гуфтаҳои раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хулосаҳои амиқ бароварда, аз мардуми сарбаланди Бадахшон даъват ба амал меоварем, ки ҷиҳати таъмини сулҳу салоҳ ва супоридани аслиҳаҳои ҷангӣ саҳми назарраси хешро гузошта бошанд.

Р.АБДУЛОВ,
сардори раёсати илм ва инноватсияи
МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh