Ҳар кӣ бар зарари халқ равон чу баҳр…

Мо дар асри пешрафти илму техника ва технологияи муосир қарор дорем. Вақте бо назари инсофу адолат нигаҳ кунем, баръало эҳсос карда метавонем, ки сатҳи зиндагии тоҷикистониён рӯз ба рӯз беҳтар, диёрамон ободу зеботар мегардад. Асоси ин ҳама сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, ваҳдату тифоқии халқ аст.

Сулҳ бузургтарин сармояи маънавии инсоният аст, ки шароит ва имконият фароҳам меорад аҳли башар бо ҳам дӯстона зиндаги кунанд. Шукргузори мекунем, ки дар диёрамон сулҳу субот ҳукмфармост. ҳамсоякишварҳо ва давлатҳои дуру наздик робитаи дӯстиро рӯз аз рӯз бо кишвари мо мустаҳкам менамоянд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳамин нуктаро асоси фаъолияти хеш қарор дода, ҳамеша саъйу кӯшиш менамуд, ки сулҳу субот пойдор бошад.

Тақозои дини мубини Ислом низ ҳамин аст. Зеро дини мо дини сулҳу салоҳ, накӯкорӣ, ободонӣ хулқу ахлоқи накӯи инсонӣ аст. Ба давлатҳое, ки ин неъматро аз даст додаанд, назар кунем, аксарияти ҷавонони ин кишварҳо ба ақидаҳои гуногуни ғаразнок кӯр-кӯрона пайравӣ намуда, ба даст аслиҳа гирифта, тинҷиву оромии кишварашонро бо дастони худ халалдор месозанд.

Дар асри ХХI ҷараёну равандҳое зуҳур карданд, ки боиси харобии баъзе давлатҳо, парешонии бархе миллатҳо гардид. Хусусан, зуҳуроти даҳшатноки терроризму ифротгароӣ дар шаклҳои гуногун бо истифода аз дину оин ба ҷомеа роҳ ёфт. Минтакаҳои мухталифи оламро мавҷи бесобиқаи терроризм, ифротгароӣ ва низоъҳо фаро гирифт, даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расида, сулҳу субот, оромиву осудаги халалдор гардид.

Аз чунин созмонҳо ташкилоти террористӣ – экстремистии ҳизби мамнӯъгаштаи наҳзат бо роҳбарии Кабирӣ мебошад. Бадхоҳони давлату миллат ҳаргиз ободиву тараққиёт ва пешрафти Тоҷикистонро тавони дидан надоранд. ҳамеша дар ҷустуҷӯи камбудиву эҷодӣ фитнаанд.

Cанаҳои 16 – 18 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Араби Миср конференсияи Шӯрои уламои дини ҷаҳон баргузор гардид. Дар он ҳайати расмӣ аз 73 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

Дар конференсияи мазкур раиси Шӯрои уламои маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода суханронӣ намуда, ҷинояту хиёнатҳои ташкилоти террористии ҳизби наҳзатро равшан баён намуд.

Муфтии собиқи давлати Миср доктор Алӣ Ҷумъа таъкид намуд, ки ташкилоти эктремистиву террористӣ, ки бар асоси идеологияҳои барғалат ва бегона таъсис ёфтаанд, мехоҳанд ақидаҳои фалаҷкунандаро байни ҷомеа паҳн намоянд. ҳадафашон бесару сомонии амнияти кишвар буда, барои парокандагӣ талош меварзанд.

Хатарҳои ҳизби наҳзати исломро ҳамаи кишварҳои мусулмонӣ, олимони дин ба хубӣ шинохтанд ва аз хатари он ба дини Ислом дар ҳазаранд. Кабириву хоҷагони хориҷиаш наметавонанд аз номи Ислом баромад кунанд. Зеро тамоми аҳли башарият онҳоро ҳамчун ташкилот ифротгаро шинохт, эътироф кард.

Давлату ҳукумати мо тадбирҳои сулҳҷӯёнаро амалӣ карданд, дар кишвар тинҷиву суботро пойдор гардониданд, аммо Кабириву ҳаммаслаконаш ба ҷои шукр куфрони  неъматро ба худ муносиб диданд.

Ҳар кӣ бар зарари халқи хеш равон шуд чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад…

Ҳоҷӣ Набихон Ярқулзода,
имом-хатиби Ҷамоати деҳоти Шаҳрак,
шаҳри Исфара

Add comment


Security code
Refresh