БА МО ПАСТӢ НАМЕЗЕБАД БАРОДАР!

Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Бадахшон Хурсанд Мазоров - яке аз лидерони ғайрирасмии ин вилоятро масъули тирпарронии шаби 4 ба 5 ноябр дар шаҳри Хоруғ номид ва гуфт, ҳадафи онҳо ноором кардани вазъи Хоруғ ва қатъи фаъолияти посгоҳҳо буд. Дар натиҷаи тирпарронии фармондеҳи ОМОН генерал-майор Хуршед Муҳаммадзода бо тирҳои резинӣ дар Хоруғ ду сокини маҳаллӣ тир хӯрданд. Ситоди байниидоравӣ гуфт, як гурӯҳи ҷавонон бо роҳнамоии Хурсанд Мазоров мехостанд ба фаъолияти посгоҳҳо монеа эҷод кунанд ва сардори посгоҳҳо маҷбур шудааст даст ба силоҳ барад.

Эй вой, ба он нафарони кӯрнамаке, ки бо мақсади ноором намудани  ҷомеа ва ба таҳлука афтонидани мардум тиркушоӣ менамоянду  осудагиву оромиши давлати азизамонро халалдор месозанд. Ростӣ, баробари мутолиаи мақолаи “Хурсанд Мазоров ба роҳбарии ҳодисаҳои Хоруғ айбдор шуд” дар сувари хаёам носозгориҳои солҳои 1992 - 1995, ки банда донишҷӯ будаму дар шаҳри Душанбе зиндагӣ доштам, ҷилвапардозӣ намуданд. Ин гуна разилон магар дарк намекунанд, ки як садои тири бемаънии онҳо осудагии ҳазорон нафар мардуми бегуноҳро барбод медиҳаду оромии халқро аз байн мебарад. Эй бародарон, умри инсон  чанд сол аст, ки боз ба ҳамдигар кинаву адоват ва бухлу ҳасад меварзем? 

Мо бояд шукргузор бошем, ки соҳиби Ватани азиз, хонаву дари обод ва сарзамини биҳиштосо ҳастему Худованд бароямон Сарвари оқил эҳдо намудааст, ки ин неъматҳоро аксари ҷаҳониён орзу менамоянд. Дар хоки аҷдодии мо падарону бобоёни азизамон мадфан гардидаанду намегузорем, ки рӯҳи поки онҳо ноором гардад. 

Шахсан ман ба мардуми заҳматқарину меҳнаткаши Бадахшони бостонӣ, ки қалби бениҳоят шаффоф доранд, эътимоди зиёд дошта, таманнои онро дорам, ки дар ин сарзамини ганҷхез ба ҷуз садои марғуладори лаъли Бадахшону овози дастпонаҳои модарону хоҳаракони бадахшӣ,  замзамаи тифлакони ширинзабону нозпарвари ин сарзамини биҳиштосо   дигар садое баланд нагардад.

Ё ба қавли Лоиқи зиндаёд:

Чу мо фарзанди кӯҳҳои баландем,

Ба мо пастӣ намезебад бародар!

Сарвиноз ҶӮРАЕВА,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Б.Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh