Зеҳни ҷавононро аз андешаҳои ифротӣ эмин дорем!

Имрӯз дар минтақаҳои гуногуни олам арзи вуҷуд кардани зуҳуроти террористиву ифротгароӣ ба амнияти сокинони дунё таҳдид карда, ба як муаммои ҳалталаб табдил гаштааст. Мо аз воситаҳои ахбори умум дар бораи ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ гирифтор шудани ҷавоне ё гурӯҳи ҷавонон огоҳӣ дармеёбем.

Террористон ба василаи ҷалбкунӣ ба гурӯҳҳои худ ҷавонони зудбоварро аз Ватан берун, аз хешу табор ҷудо мегардонанд, бо ваъдаҳои пуч домани онҳоро пур ва ба содир кардани кирдорҳои номатлубу барои ҷомеа зиёновар, ҷиноятҳои вазнин тела медиҳанд. Мутаассифона, чанде аз ҷавонони тоҷик низ фирефтаи доми макру тазвири гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ҳизби мамнӯи наҳзат шудаанд ва ба нокомиҳову фалокатҳои зиёде дучор омада, имрӯз аз карда пушаймонанд.

Баҳри пешгирии зуҳуроти номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба ин гуна гурӯҳҳо дар маҳаллаҳо, ҷамоатҳо, деҳаҳои кишварамон чораҳои мушаххас андешида шуда истодаанд. Муҳимтар аз ҳама, корҳои таблиғотию ташреҳи байни ҷавонон тақвият ёфтаанд, тарбияи ватандӯстию инсонпарварӣ миёни онҳо пурзӯр карда шуд. Ин ҳама тадбирҳо ба воқеъбину мулоҳизакор, хушрафтору дурандеш шудани ҷавонон  нигаронида шудаанд ва мо, омӯзгорон минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоем, то ки онҳо баҳри шукуфоии Ватан саҳмгузор бошанд.

Муаззамой РАҲМОНОВА,
мудири кафедраи таърих ва ҷомеашиносии
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh