Ақли солиму нерӯи созанда мебояд

Феълан, аҳди мо аҳди тантанаи ақли солиму неруи созанда муаррифӣ мешавад. Бо ин ҳама боиси таассуф аст, ки дар ҷаҳони мо, дар муҳити тамаддунгарои мо баъзан рӯйдодҳое ба мушоҳида мерасанд, кирдорҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки рӯзгорамонро доғдор мегардонанд.

Чунин равандҳои ношоиста имрӯзҳо тамоми ҷомеаи сулҳпарвару башардӯстро сахт ба ташвишу изтироб овардааст. Мушкилоти асосии таассуфангези замони мо амалҳои терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, ифротгароии сиёсӣ ва мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, харидуфурӯши пуршитобу ғаразмандонаи аслиҳа, таҳримҳои кинаварона мебошанд, ки дар маҷмӯъ оромиву суббот ва ҳаёти осоиштаи аҳли сайёраро халалдор кардаанд.

Имрӯз мутаассифона, далелҳои кам нестанд, ки баъзе ҷавонони мо бо таъсири омилҳои гуногун ба калавишҳо дучор омадаву рӯй ба зуҳуроти номатлуб овардаанд ва ҷавонии зебои худро доғдор кардаанд. Ин ҳолатҳо мо, омӯзгорони макотиб ва донишгоҳҳои олӣ ва волидонро водор менамояд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас, ҷавонон эҳтиёткор бошем. Онҳоро дар куҷое набошанд, хоҳ ҳини машғулият, хоҳ дар хонадон, хоҳ дар муҳоҷират беназорат намонем. Аз ҳар рафтору кирдори онҳо бохабар бошем, онҳоро дар рӯҳи эҳтиром ба арзишҳои волои миллӣ тарбия намоем. Нагузорем, ки ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ афтанд.

Лола БОБОЕВА,
омӯзгори Коллеҷи омӯзгории
шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh