Дар таҳкими суботи кишвар саҳмгузор бошем

Пас аз ба даст овардани Истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри инкишофу рушди қонунгузорӣ, узвият ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, қабули санадҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои  ҷаҳон дар мубориза бо  терроризму ифротгароӣ тадбирҳо амалӣ карда шуд. Ғайр аз ин, дар ҷумҳурӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид, ки василаи самараноки пешгирӣ аз амалҳои террористӣ ба ҳисоб мераванд. Ин санадҳо асосҳои ҳуқуқии мубориза алайҳи терроризмро пурқувват мегардонад. Аммо, санадҳои қабулгардидаро дар амал на ҳама шаҳрвандон риоя мекунанд.

Имрӯз ба ҳамаи мо маълум аст, ки яке аз манбаъҳои асосии таъминоти молиявии терроризм ва ифротгароӣ гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, ин амал дар ҷумҳурии мо низ, аз ҷумла дар минтақаҳое, ки бо Ҷумҳурии Афғонистон ҳамсарҳаданд, ба назар мерасад. Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пеш аз ҳама,  хатари ҷиддӣ ба саломатии шаҳрвандон буда, ба сулҳу субот ва амнияти кишвар таҳдид мекунад.     

Бо мақсади  густариш додани амали санади меъёрии ҳуқуқӣ байни ҷомеа, моҳият ва нақши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар кишвар, пешгирии амалҳои террористӣ дар ҳамкорӣ бо шаҳрвандон, огаҳ намудани сокинон аз ҳадафҳои террористон ва ғайраҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ мунтазам вохӯриҳо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони шаҳру ноҳияҳо  бо устодону донишҷӯён доир карда мешавад.

Аз ин рӯ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мубориза бар зидди терроризм, пеш аз ҳама, дар ҷодаи дарк намудани мафҳуми терроризм ва ифротгароӣ, пешгирӣ намудани амалҳои террористӣ ва ё ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони ҷиноятсодиркардаи ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ дошта, пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба гуруҳҳои террористӣ, аз байн бурдани гуруҳҳои террористӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти кишвар нақши муҳим мебозад.

Мо, ҷавононро  зарур аст, ки аз мӯҳтаво ва моҳияти санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ бархурдор бошем. Ояндаи давлат, ки дар дасти мо, ҷавонон мебошад, пеш бурдану муҳофизати давлатро вазифаи хеш шуморем.  Моро  зарур аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, чун фарзандони як сарзамин аз як гиребон сар барорем. На ин, ки мисли бархе ҷавонон фирефтаи дасисаҳои гурӯҳҳои террористӣ бошем, балки ҷавонони ватандӯсту хештаншинос бошем, ба арзишҳои волои миллӣ арҷ гузорем. Имрӯзу ояндаи давлатамон аз мо вобастагии калон дорад. Заррае бошад ҳам, саҳми худро дар суботу амнияти кишвари хеш гузорем.

Шодибек Шоҳимардонов,
донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh