Ҳомии хушбахтии миллат

Ватандӯстиву матонат, шуҷоатмандии бемисл, меҳнати пурмашаққати пайваста, худогоҳиву роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонадони ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ осоиштагӣ, саодатмандӣ, ваҳдату дӯстӣ ва баракати рӯзгор овард.

Ҷонбозиҳо, азму ирода ва садоқати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалқи кишварамон, дар сари мизи оштӣ сарҷамъ намудани тарафҳои даргир ва хотима гузоштан ба ҷанги хонумонсӯз, ба Ватан баргардонидани гурезагон, раҳнамоӣ намудани халқ дар роҳи худшиносии миллӣ, худогоҳӣ ва дӯстиву рафоқат бемислу монанд аст.

Эҳё намудани миллати тоҷик, тавассути Конститутсияи кишвар ба мамолики олам муаррифӣ кардани давлатамон, барқарор намудани сохти конститутсионии ҳокимияти давлатӣ ва ноил гардидан ба инкишофу комёбиҳо ҳама бо шахсияти ин марди хирад тавъам аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзкунандаи рамзи Истиқлолияти давлатӣ – Конститутсия, арзишҳои олӣ ва кафили саодатмандии халқ мебошанд. Хидмат намудан ба халқ, масоили хурду бузургро ҳал кардан бемуҳобот масъулияти ниҳоят гарон буда, водор менамояд, ки Президент фидоии миллат бошад.

Хушбахтона, халқи Тоҷикистон дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фидоии беназири миллатро дарёфтааст.

Сарварӣ, роҳнамоӣ ва ҳидояти Президенти кишварамон барои ҳар як ашхоси дорои хирад дарси ватандӯстӣ, меҳнатқаринӣ, шуҷоату мардонагӣ, намунаи ибрат ва панди рӯзгор аст. Хизмати шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, эҳёи миллат, ҳифзи якпорчагии ватанамон ва сулҳу файзи хонадони тоҷик абадан дар саҳифаи таърих нақш бастааст.

Месазад, ки ҳар фарди Ватани азизамон, алахусус ҷавонони имрӯз дар гирди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бо ваҳдати комил, дӯстиву бародарӣ, якдиливу якмаромӣ ҷонибдории хешро иброз дорем, баҳри ободии Тоҷикистон хизмат намоем ва ба қадри хушбахтии миллат бирасем.

Қаҳрамон Аҳмадзода Тоҳирҷон,
судяи Суди шаҳри Истаравшан

Add comment


Security code
Refresh