Садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан аст!

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ таҳти унвони «Садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан» бахшида ба таҷлили Рўзи Президент ва ифтитоҳи чархи якуми НБО-и Роғун баргузор гардид. Ректори донишгоҳ, профессор Мӯмин Шарифзода афзуд, ки агар 16 ноябр аввалан оғози Иҷлосияи таърихию тақдирсози Шӯрои Олии Тоҷикистон  ба қалби мардум умеду боварӣ бахшида бошад, сониян ин рӯз ба хонадони мардум нуру сафо хоҳад бахшид. Тоҷикистон боз шоҳиди як рӯйдоди бузурги таърихӣ хоҳад шуд, зеро 16 ноябри соли равон чархаи аввали Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба истифода дода мешавад.

Дар ҳамоиш маърӯзаҳои олимону аспирантони донишгоҳ дар мавзӯъҳои НБО-и Роғун таърих ва марҳалаҳои бунёди он, аҳамияти он дар рушди иқтисодиёти кишвар, саҳми Пешвои миллат дар ташаккули афкори ҳуқуқии ҷомеа ва нақши Пешвои миллат дар бунёди НБО-и Роғун шунида шуд.

Ҳадафи ташкили конференсия қадрдониву хизматҳои шоёни Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи Президент ва оғози нахустин чархи НБО-и Роғун аст ва истиқболи ин ду сана садоқати мардумро ба Сарвар ва Ватани худ афзун хоҳад намуд.

Дар анҷоми конференсия ба донишҷӯёне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявиву  вилоятӣ сазовори мақомҳои ифтихорӣ гардидаанд, туҳфаҳои пуливу сипоснома ва ифтихорномаҳои Раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Add comment


Security code
Refresh