Зуҳуроти нангин

Ҳодисаҳои Хоруғ, ҳодисаҳои Бадахшон ин воқеъоти худи  Тоҷикистон нест. Ҳар ҳодисаи нохуш боз як бори дигар ҳушдор медиҳад, ки барои Ваҳдати воқеӣ, барои ягонагии самимӣ, барои муросо кӯшиш кунем. Аз ваҳдати забонӣ, аз ватандӯстии намоишии телевизионӣ, аз сулҳҷӯиҳои муғризона парҳез карда, ба Ваҳдати қалбҳо, ба садоқати самимӣ ба Ватан ва дар симои ҳар тоҷик хоҳ шимолӣ, хоҳ ҷанубӣ, хоҳ шарқӣ ва хоҳ ғарбӣ ТОҶИК-ро бинем он гоҳ сулҳ, оштӣ, муросо, миллат побарҷо хоҳад монд.

Имрӯзҳо афзоиши ҷиноятхои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризм ва экстремизми байналмиллалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву терористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусалаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат кардааст. Ин ҳодисаҳои мудҳиш моро бори дигар водор мекунад, ки арзиши сулҳу ваҳдатро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.  Агар имрӯз иддае аз ҳамватанони мо, ки зиёдтар аз хориҷи кишвар ҳангомаи Ватанхоҳӣ ва «обод»-ии кишвар менамоянд аз ҳукми хоҷагон берун шаванду рӯй ба адолату маърифат оварда, шукрона аз Ватани озоду соҳибихтиёр намоянд. Мо, ҳамагон бояд фаромӯш насозем, ки масъулият барои ободиву пешрафти Ватани  аҷдодӣ бар дӯши ҳар кадоми мост.

Мо мардумони шарафмади кишвари азиз,  бояд дарк намоем, ки  ба муҳимтарин дастоварди башарӣ-сулҳу суббот ва амнияту ваҳдат бо заҳматҳои шабонарӯзӣ расидем. Имрӯз мо бо эҳсоси баланди ватанҳоҳӣ бояд сарҷамъона ин дастоварду музафариятҳои хешро чун гаҳвараки чашм дифоъ намоем.

А. АТОЕВ,
мудири кафедраи  умумидонишгоҳии
фалсафаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
доктори илмҳои фалсафа, профессор

Add comment


Security code
Refresh