Ба муносибати Рӯзи Президент ва ифтитоҳи агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар тамоми шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои идона баргузор гардид

17 ноябри соли 2018 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» чорабиниҳои гуногуни идона баргузор гардид.

Чорабиниҳои тантанавӣ дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд бо раҳпаймоии беш аз 25 000 нафар сокинони касбу кори гуногун, ҷавонон, кормандони ташкилоту идораҳо, устодону донишҷӯёни донишгоҳҳо, аҳли зиё, намояндагони воситаҳои ахбори омма, кормандони соҳаҳои кишоварзиву саноат, роҳу нақлиёт, тиб, фарҳанг ва фаъолон оғоз ёфт. Иштирокдорони ҳамоиш ба шарафи ифтитоҳи чархаи аввалини бузургтарин нерӯгоҳи барқӣ дар ҷаҳон аз назди Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” то майдони назди  Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ раҳпаймоӣ намуданд.

Дар майдони назди Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бошад бо ҳузури ҳазорҳо нафар меҳмонону сокинони маркази вилоят чорабинии калони идона баргузор шуд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки дар ин чорабинӣ суханронӣ кард, кулли сокинони вилоятро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор андохта шудани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» табрик гуфт.

Зикр гардид, ки ташаббуси бунёди Нерўгоҳи барқи обии “Роғун” сароғози корномаи навини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар таърихи даврони соҳибистиқлолии кишварамон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт. Зеро Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути ин иншооти бузург натанҳо истиқлолияти энергетикиро таъмин месозад, балки барои ояндаи рушди кишвар роҳ кушода, ҷиҳати интиқоли барқ ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақа шароит фароҳам меоварад.

Мавриди истифода қарор додани агрегати аввалини ин сохтмони азими аср, ки мардуми тоҷик солиёни дароз интизории ифтитоҳи онро дошт, моро ба татбиқи амалии яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистони соҳибистиқлол – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ боз ҳам наздиктар гардонид.

Сохтмони Нерўгоҳи барқи обии «Роғун» аҳамияти бузурги иқтисодӣ, минтақавӣ ва глобалӣ дорад, зеро истеҳсоли барқи арзон барои рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ, мусоидат ба густариши ҳамкории байни давлатӣ ва байниминтақавӣ дар самти содироти он, нигоҳ доштани миқдори зарурии об барои обёрӣ дар мавсимҳои хушксолӣ мусоидатменамояд.

-  Мо, сокинони вилояти Суғд аз он ифтихормандем, ки ҳамаи ин дастовардҳо маҳз бо азму эътимод ва хиради дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба шарофати саъю талоши ин шахсияти таърихӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол дар як муддати кўтоҳ ба фатҳи куллаҳои бузург ва дастовардҳои беназир ноил гардид, - иброз намуд Раиси вилоят.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода низ Рӯзи Президент ва ифтитоҳи чархаи аввалини  Нерўгоҳи барқи обии «Роғун» -ро ба сокинону меҳмонони маркази вилоят табрик гуфта, аз талошҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардуми тоҷик ёдоварӣ кард.

Барномаи театрикунонидашуда ва суруду таронаҳои ватандӯстонаи аҳли фарҳанги вилоят ба чорабинӣ шукуҳи хоса бахшид.

Ёдовар бояд шуд, ки ба муносибати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ – ба корандозии чархаи аввалини Нерўгоҳи барқи обии «Роғун» имрӯз инчунин дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят раҳпаймоиҳо ва барномаҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh