Нури Роғун расид бар хонадони тоҷик

 

 

 

16-уми ноябри соли 2018 дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи дурахшон боз шуд. Агрегати якуми НБО «Роғун» бо ҷаҳду талоши беандоза, заҳматҳои шабонурӯзӣ, иқдоми созанда, ва бо азму иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Дар ин лаҳзаҳои шодӣ мардуми тоҷик ба орзуву ормонҳои худ расиданд ва ба ояндаи дурахшони миллати худ боварии дучанд пайдо карданд.

Дар Рӯзи Президент рост омадани ба истифодадиҳии агрегати якуми НБО-и «Роғун» нишони возеҳи дастёбии миллати тоҷик ба ояндаи боз ҳам дурахшон мебошад. Маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1992 шахсе Сарвари давлат интихоб гардид, ки бо ҷасорату мардонагиаш миллати тоҷикро аз парокандагиву парешонҳолӣ раҳо намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун як давлати мустақил ва ташаббускор муаррифӣ намуд.

Сохтмони НБО-и «Роғун» соли 1976 дар даврони шӯравӣ оғоз шуд. Вале пас аз пошхурии шӯравӣ, дар Тоҷикистон ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ сар зад, ки сабаби қатъ гардидани сохтмони ин нерӯгоҳ гардид. Баъди сулҳу ваҳдати комил дар Тоҷикистон бо азму иродаи нек ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити душвори иқтисодӣ сохтмони ин иншооти бузурги аср - шуруъ гардид. Сарвари давлат аз рӯзи аввал сохтмони ин нерӯгоҳи бузургро зери назорати худ қарордода, ҳангоми сафарҳояшон ба ин минтақаи сохтмонӣ ба сохтмончиён вохӯриву мулоқот намуда, онҳоро ҷиҳати хубтару беҳтар ба роҳ мондани корҳои сохмонӣ, ҳидоят менамуданд. Аз ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳандисону сохтмончиён рӯҳу илҳоми тоза гирифта, шабу рӯз барои дар муҳлати муайяншуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ дучанд заҳмат кашиданд.

Пурра ба истифода додани НБО-и Роғун боиси рушду нумӯи тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат мегардад.

Муҳаммадсодиқ БОҚИЗОДА,

котиби озоди кӯмакҳои унвонии иҷтимоии Агентии

давлатии ҳифзи иҷтимоӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh