Истифодаи сармояи хориҷӣ – асли фаъолияти наҳзатӣ

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ радду бадалҳои рӯзноманигор ҳарамгули Қодир бо фаъолони ТТЭ ҲНИ баҳси гармеро ба вуҷуд овардааст. Муҳтавои баҳс ин аст, ки ҳарамгули Қодир иддаои онро мекунад, ки соли 2015 намояндагони ҳизби «Адолат»-и Туркия ба ТТЭ  ҲНИ ҷиҳати озод намудани адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров маблағи пулӣ додаанд.

Аммо ин маблағи пулиро сухангӯйи наҳзат Бобоҷони Қаюм (Бобоҷон Қаюмов) аз худ кардааст. Он чи ки ҳарамгул дар қолаби як баҳс бо наҳзатиҳо ироа доштааст, бедалел буда наметавонад, зеро ки ҳарамгул солҳои пештар бо роҳбарияти ТТЭ ҲНИ дар сатҳҳои гуногун ҳамкорӣ кардааст ва муддате аз ҳавохоҳони он ҳам ба шумор мерафт. Аммо асли қазия фаротар аз он аст, ки ҳарамгул мегӯяд. Илова бар ин, баҳси истифода ва ё сӯйистифода аз сармоягузориҳои берунӣ аз ҷониби раҳбарияти наҳзатӣ баҳси тозае низ нест.

ТТЭ ҲНИ дар давраи роҳбарии Кабирӣ аз оғози фаъолият бо сармояи хориҷӣ сару кор дошт. Маълум аст, ки наҳзат таҳти васояти чанд сарпарасти хориҷӣ фаъолият кардааст ва ин раванд то имрӯз идома меёбад. ҳанӯз дар мусоҳибаи махсуси матбуотӣ собиқ қумондони мухолифин ҳаким Қаландаров (ҳафтаномаи «Фараҷ», №50 (576) аз 13 декабри соли 2017) паҳлуҳои норавшани қазияи наҳзатӣ ва раҳбарияти онро, ки ба масоили пулӣ иртиботи бевосита доштааст, ошкор карда буд. Дар қисмати аввали мусоҳибаи мазкур сухан аз «4 миллион доллари дар Покистон дар оборот» будаи наҳзатиҳо меравад ва ҳангоми машварат дар хонаи Тураҷонзода дар Эрон ин масъала рӯ мезанад ва парда аз рӯйи баъзе воқеиятҳоро бозмекушояд.

Акнун таваҷҷуҳ мекунем, ки миқдори 4 миллион доллар, ки барои беҳбуд бахшидани вазъи молӣ, идорӣ, низомӣ ва сиёсии ТТЭ ҲНИ пешбинӣ шуда буд, дар дасти наҳзатиён ба хотири пур кардани ҷайб ва ҷамъоварии сарват истифода гардидааст. Қабл аз мусоҳибаи матбуотии қумондони собиқ ҳаким Қаландаров, собиқ корманди амниятии наҳзатӣ Сиёҳаков таъкид карда буд, ки барои роҳандозӣ намудани тарҳҳои гуногун ба ТТЭ ҲНИ маблағҳои калони пулӣ ворид мегардид ва тавассути ин маблағҳо, аз як тараф  лоиҳаи нооромиҳо дар мамлакат  кашида мешуд ва аз дигар ҷониб ҷайби баъзе масъулини наҳзатӣ лабрез  мегардид.

Махсусан, дар замони сукунат дар Туркия роҳбарияти фирории наҳзатӣ аз ҷониби гурӯҳҳо ва созмонҳои муайян сармоягузорӣ мешуд ва табиист, ки он маблағҳои пулӣ ҳамагӣ ба кори идеологӣ ва сиёсӣ масраф намегардид ва масъулин - бизнесменони наҳзатӣ ҳатман аз он ҳадяҳо дар бизнеси хонаводагӣ истифода бурдаанд.

Баҳси гармеро, ки ҳарамгул дар мавриди истифодаи шахсии маблағҳои хориҷӣ аз тарафи наҳзатиён ба миён овардааст, собиқаи таърихӣ дорад.

Аз ин лиҳоз, на танҳо Бобоҷони Қаюм, балки ҳар як наҳзатии дар дохилу хориҷ сукунатдошта аз ин навъ сармоягузориҳо ва ҳадяҳои пулию молӣ беибо истифода бурда ва мебарад.  Охир, бозии наҳзатӣ аз ибтидо бо пулу мол ва сарвату қудрат иртиботи мазмунӣ ва ғоявӣ дошт. Гузашта аз ин, тими наҳзатӣ имрӯз аз ҳар замоне дида ба сармояи хориҷӣ ва лабханду илтифоти сиёсиёни ғарбӣ ниёз дорад ва ин ниёзмандӣ онҳоро ба вартаи ҳар гуна ҳиллаю ҷинояткорӣ ва ё тақаллуби пулию молӣ тела медиҳад.

Фаридун Ориёӣ,
таҳлилгар

Add comment


Security code
Refresh