САДОИ ТИРУ ТУФАНГ БА МО ЛОЗИМ НЕСТ!
- Details
- Published on Thursday, 09 January 2025 08:40
Чуноне, ки ба хамагон мусаллам аст, ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ дар замони Шӯравӣ ташкил гардида, бо ҳизбу созмонҳои ифротии ҷаҳонӣ, ба монанди “Ихвонул-муслимин” ва “Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон” ба таври махфиёна робитаи дӯстиро ба роҳ монда буд. Маҳз аз ҷониби хоҷагони хориҷии худ маблағу воситаҳои тарғиботиро гирифта, дар байни сокинони ҷомеаи мо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонд.
Маҳз фаъолияти пинҳонкоронаи наҳзат буд, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ сар зада, наҳзатиён худро мухолифини ҳокимияти конститутсионӣ ном ниҳоданд. Мохи июни соли 1993 роҳбарияти ТТЭ ҲНИ Иттиходи нерӯҳои мухолифини тоҷикро (ИНМТ/ИНОТ) ташкил намуданд, ки ба хайати он ба ғайри наҳзатиён боз ҳизбу созмонҳои наздик ба наҳзат, аз қабили “Лаъли Бадахшон”, “Растохез” ва демократҳо (аъзоёни Ҳизби демократӣ) шомил буданд. Дар тӯли солҳои 1993 то 1997 размандагони ИНМТ сарҳади давлатиро вайрон карда, аз ҷониби Афғонистон ба давлати мо барои ба амал оварлани амалҳои террористӣ дохил мешуданду шаҳрвандону сокинони гирду атрофи вилояти Хатлон (собиқ вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппаро) мавриди тири худ қарор медоданд. Бо ин ҳам басандагӣ накарда аз ҷониби қотилони наҳзатӣ нобиғаои илму адаб ва сиёсату фарҳанги мо аз дами теғ гузаштанд. Аз ҷумла академик М.Осимӣ, Ю.Исҳоқӣ ва М.Ғуломов, сарояндаи машҳур К.Қурбон, нависандаи варзида С.Афардиву ҷурналисти ҳақиқатнигор Муҳиддини Олимпур ва садҳо дигарон мавриди ҳамлаи ноҷавонмардон гаштанд. Ҷанг ба соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ҳисороти моддиву маънавӣ расонид.
Хушбахтона мардуми тоҷик ва Президенти кишвар баҳри расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ аз гуноҳи ҷинояткорони наҳзатӣ гузашт ва дар ҷомеаи ваҳдат тантана кард. Лек ба ҳаёти осоишта ин турфа инсонҳои пастфитрат одат накарда, боз даст ба ҷинояткорӣ заданд. Ҷинояти вазинини онҳо ин хоинӣ буда, соҳи сентябри соли 2015 табаддулоти давлатиро роҳандозӣ намуданд, ки паси он раиси ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ меистод. 29 сентябри соли 2015 аз чониби Суди Олии мамлакат ҲНИ-ро хамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф намуда, фаъолияташ дар тамоми кишвари мо мамнӯъ эълон кард.
Имрӯзҳо гарчанде дар хориҷи мамлакат бошанд ҳам, саркардагони наҳзатӣ фаъолияти тарғибукоронаи худро бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ мондаанд. Мутаассифона мухолифини давлати мо аз кардаи худ пушаймон набуда, дар бохти интихоботиву сипас дар табаддулоти давлатӣ гуноҳро ба сари мақомот ва Президент бор мекунанд, ки ба эътирози наҳзатиён хандаи кас меояд.
Мо устодону омӯзгорон дар шароити кунунӣ баҳри аз байн бурдани ақидаҳои ифротии душманони миллат, аз қабили наҳзату ҳаммаслакони онҳо дар вақти машғулиятҳои дарсӣ корҳои тарбиявиро ҷоннок намуда, симои аслии ҳизбу ҳаракатҳои ба ном диниву мазҳабиро ба донишҷӯён ошкор созем. Нагузорем, ки садои тиру туфанги душман, садои шодиву сурури модарону кӯдакони моро иваз намояд.
М. Атоева,
дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ