ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ОРОМИИ САЙЁРА

Вақте ба таърихи давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон диққат медиҳем, ки аз назари нигаҳдории сулҳу салоҳ дар қаламрави кишвар халқи тоҷик мушкилоти зиёдеро паси сар намудааст. Дар саргаҳи ин ҷоннисориҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд, ки шахсияти эшон намунаи олии иродаи қавӣ, далериву нотарсӣ ва заковатмандиву дурбинии сиёсӣ мебошад. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ худро чун кишвари мустақил муаррифӣ намуд ва ба қавли баъзе аз коршиносону сиёсатшиносон, хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон зудуда шудани хешро паси сар кард.

Таърих гувоҳ аст, ки маҳз баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ва бо қарори Шӯрои Олӣ интихоб шудани фарзонафарзанди миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин нобасомониҳо нуқтаи таммат гузошт ва марҳалаи нави зиндагии мардум оғоз гардид. Аз ҳамон лаҳзаи интихоб Пешвои миллат ба масъалаи амнияти кишвар эътибори махсус зоҳир намуда, тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳу амният равона намуданд.

Пешвои миллат ба масъалаи амнияти миллӣ ва таҳдидҳои қувваҳои аҳриманӣ ба зиндагии осоиштаи мардум эътибори хоса дода, бо пешниҳоду дархостҳои мушаххас ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми кишвар борҳо муроҷиат кардаанд. Масоили таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ ҳамешагӣ мавриди назари Сарвари давлат қарор дорад ва дар ҳамон суханрониҳои худ дар минбарҳои баланди байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ба мавзӯи мазкур руҷӯъ кардаанд. Яке аз пешниҳодоти муҳим ва дархости Пешвои миллат дар мавриди амнияти Ватани азизамон ин барқарор намудани тинҷиву оромӣ дар Афғонистони ҳамсоя мебошад.

Сарвари давлат ҳини баррасӣ намудани мавзӯи мазкур ба вазъияти ҳарбиву сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии кишвари ҳамсоя таваҷҷуҳ намуда, барқарории сулҳу осоиштагиро дар ин марз аз вазифаҳои аввалиндараҷа медонанд. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки моҳи май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ифодагари андешаҳои амиқ ва пешниҳодҳои мушаххаси Сарвари давлат доир ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз - муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Ҷоизи зикр аст, ки баргузории ин ҳамоиши бонуфуз дар Тоҷикистон аз мақому манзалати шоистаи давлати мо байни кишварҳои олам дарак медиҳад ва ифодагари таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои миллат ба тинҷиву осудагии на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа ва ҷаҳон мебошад.

 Аз назари Сарвари давлат таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдории кишварҳо аз вазифаҳои калидӣ маҳсуб мешавад, ки бе он наметавон рушди соҳаҳои мухталифи минтақа ва ҷаҳонро тасаввур намуд. Ба қавли Пешвои миллат “Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.” Пешвои миллат ҳамоно ба воқеаву ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя назар намуда, аз он ёд мекунанд, ки танҳо давоми соли гузашта дар ин кишвар аз амалҳои террористӣ беш аз 10 ҳазор нафар зарар дида, тақрибан 4 ҳазор кас қурбон гаштаанд.

Бо овардани ин санад Пешвои миллат бори дигар хотиррасон мекунанд, ки ин ё он кишвар наметавонад дар танҳоӣ бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш муқовимат намояд ва ҳамкориву шарикӣ яке аз усулҳои муҳими мубориза ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат мегӯянд, ки “Стратегияи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шӯрои амният ва маҷмааи умумӣ бояд асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароиро ташкил намоянд.” Ба андешаи Пешвои миллат беҳ шудани муносибатҳои байни кишварҳои минтақа имконияти ба сифати нав роҳандозӣ гаштани ҳамкориву ҳамоҳангсозии байнидавлатиро эҷод кард, ки Тоҷикистон аз чунин раванди рушди робитаҳои миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқбол менамояд ва омодагии хешро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳояш дар ин самт бо тамоми кишварҳои ҳамҷавор иброз медорад.

Пешвои миллат дар суханронии худ аз мушкилоти мавҷуда дар мавриди мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба назар мерасад, таваққуф мекунанд. Зеро терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро. Пешвои миллат аз мавқеи устувори худ нисбат ба покиву муназзаҳии дини мубини Ислом сухан карда, дар мавриди гирифтани пеши роҳи исломситезӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, эҷоди фазои эътимоду боварӣ даъват месозанд. Ин ҷо нуктаи муҳим ва воқеан таърихии худро, ки мавқеи устувор ва дурусти Пешвои миллатро ифода менамояд, такрор менамоянд: “Террористу ифротгаро Ватану миллат ва дину мазҳаб надорад, террорист - террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” буда наметавонад.”. Ин андеша ва пешниҳоди Пешвои миллат аз омӯзиши амиқи он кас дар мавриди вазъи кунунии ҷаҳон, хатарҳои даҳшатангези қувваҳои аҳриманӣ, мавқеву мақоми кишварҳои олам дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, усулҳои мубориза ва ғайра дарак медиҳад.

Ҳамзамон, он ҷуръати беандоза, мавқеи устувор, андешаҳои амиқ, пешниҳодҳои мушаххаси Пешвои муаззами миллати моро ифода менамояд. Ҳамин тариқ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароии хушунатомез мавқеи устувор ва ягонаро молик буда, дар мавриди амнияту осоиштагии натанҳо Тоҷикистон ва минтақа, балки тамоми олам кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

 Пешниҳоду дархостҳои Пешвои миллат куллан заминаҳои илмиву таърихӣ дошта, онҳо дар асоси омӯзишҳои амиқ ва сабақҳои таърихӣ рӯи кор омадаанд ва манзури онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз масъулияти баланди Сарвари давлат нисбат ба тинҷиву осоиштагии олам дарак медиҳад. Фаъолияти Пешвои миллат дар ин самт дар густариш додани муқовимати якҷояи нерӯҳои солими ҷаҳонӣ бар зидди терроризму ифротгароии хушунатомез ва дар баҳамоии назару андешаҳои ҷадид таъсири бузург мегузорад, мақом ва мавқеи Тоҷикистонро дар байни давлатҳои ҷаҳон боло мебардорад ва дар густариши ҳамкориҳо замина мегузорад. Пешниҳоду дастурҳои Пешвои миллат раҳнамое барои ояндаи обод ва зиндагии осудаи мардуми олам мебошад.

Саидумрон САИДОВ,
номзади илмҳои филология,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Хуҷанд Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh