Таҳозуроти наҳзатиён ба чуз ақибнишинӣ дигар чизе нест?

Баъд аз мутолиаи таҳлилҳои бебунёди наҳзатиён дар васоити ахбори омма маълум ва равшан аст, ки корфармои ин ҳама нооромиро ба вуҷуд овардан дар давлати Германия, як қувваи заиф ва хориҷибунёди  ТТЭ ҲНИ  аст. Ин амали ТТЭ ҲНИ бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш мехоҳанд ба мардуми дар хориҷа буда, алалхусус, муҳоҷирон ва шаҳрвандони гумроҳи аз Ватан дур такя кунанд. Ин идомаи ҳамон равандест, ки наҳзатиҳо дар солҳои аввали истиқлолият мардумро ба бенизомӣ, бесарусомонӣ, ҷангу ҷидол, террор дар дохили кишварамон роҳандозӣ намуда, имрӯз ба кишварҳои гуногуни олам гуреза шудаанду тавассути шабакаҳои интернетӣ бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳматҳо мекунанд.

Баргузор шудани ҷаласаҳои САҲА дар Полша, ҷаласаи Шӯрои ҷаҳонии уламои дин санаҳои 16-18 октябри соли равон  дар Қоҳира бори дигар ба кулли ҷаҳониён аз он шаҳодат дод, ки ҳизби наҳзат ташкилоти ЭТ буда, такя ба давлатҳои мутараққии Аврупо, аз ҷумла Олмон карда истодааст. Баъд аз ҷаласаи Шӯрои ҷаҳонии уламои дин, ки ҳизби наҳзатро бори дигар Ташкилоти ЭТ эълон карда, маблағгузори онро душмани башарият хонд, Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дигар аз ҳама ҳаракат ва андешаҳои ниҳоии экстремистию террористӣ истифода бурда истодаанд. Ба ҳамин монанд онҳо танҳо овоз мебароранду фиғон ва дигар аз дасташон коре намеояд.

Роҳи пешниҳодшудаи «Кабирӣ» барои митинг, ки кишварро бедарвоза пиндоштааст, майдони таблиғотии наҳзати ошӯбгарро тавсеа бахшиданӣ аст, қобили қабул намебошад. Зеро, имрӯз мардуми тоҷик мардуми солҳои навадум намебошанд. Онҳо ба корҳои созандагиву ободонӣ рӯ оварда, шукргузори сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат мебошанд. Тинҷиву иттифоқӣ ва мусаффои Ватанро гавҳари чашм мепиндоранд.

Албатта, афроде, ки ба ҷиноят даст мезанад, дар назди қонун ҷавоб медиҳанд. Кабирӣ ва пайравонаш бошад, бо ин амалашон ҳам дар назди қонун ва ҳам дар назди Ватану миллат бояд ҷавоб гӯянд.

Рустамзода Суҳроб Ҳакимӣ,
мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва
 ҷашну маросими МИҲД-и вилоят

Add comment


Security code
Refresh