Ба иғво гирифтор набояд шуд

Шунидани хабар доир ба баргузор намудани гирдиҳамоӣ дар назди сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин, ки ба санаи 10-уми декабр ба нақша гирифта шудааст, бароям ҳайратовар буд. Онро Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон эълон карда будааст ва гӯиё Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз Ҳукумати Тоҷикистон аз зиндон раҳо кардани як гуруҳ маҳбусонро талаб кардааст.

Нафароне, ки дар Аврупо ҳастанд ва худро шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд, бо баргузории гирдиҳамоӣ мехоҳанд, ки боз ба обрӯи кишвари худ латма зананд. Дар Берлин гирдиҳамоӣ ташкил намуда, боз як бори дигар мехоҳанд, ки обрӯи Ҳукумати Тоҷикистонро паст зананд ва бо ҳамин корашон ба назарашон талаби ҳақиқату адолат мекунанд.

Душманони миллати мо ободии кишварро дида наметавонанд, камтарин мушкилиро калон карда нишон медиҳанд.

Неши ақраб на аз пайи кин аст, муқтазои табиаташ ин аст – хос барои онҳо аст.

Амали тоҷикони дар аврупобуда монанди он аст, ки камбудии хонадонашонро ба ҷои он, ки ислоҳ кунанд, баромада ба ҳамсоягон мегӯянд. Худ баҳо диҳед , ки ин амали дуруст!

И.Раҳимов
 номзади илмҳои филологӣ, декани
факултети забонҳои шарқи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh