Мақсадҳои ТТЭ ҲНИ нопок аст

Воқеан ҳам тайи солҳои охир гирдиҳамоиву овозаҳои беасос, суханҳои тафриқаангезу низоъандозии баъзе аз хиёнаткорон, ки тавассути сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд гардидааст, ки онҳо ғайр аз талбандагию овозаи беасос паҳн кардан дигар ягон тадбири мусбате аз дасташон намеояд. Ташкилкунандагони он аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошанд.

Онҳо бо нишондоди хоҷагони хориҷиашон амал намуда, бо пули ҳароми бадастовардаашон кӯшиши дар ҷомеа паҳн кардани тафриқа ва ғояҳои ифротӣ менамоянд.

Масалан, рӯзи гузашта, гӯё Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо пахши эъломияи матбуотӣ эълон кардааст, ки 10 декабри соли ҷорӣ дар рӯбарӯи  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон гирдиҳамоии бузурге баргузор хоҳад шуд. Хандаоварии ин амал аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо ҳарчӣ коре, ки анҷом медиҳанд, аввал ин ё он кумита ё гурӯҳро ба ном ҳасту халос ташкил ё номгузорӣ мекунанд. Барои он ки мардум ба онҳо бовар кунанду ҷонибдори ташаббусҳои ғаразонаи онҳо бошад. Аммо ба ин хабару овозаҳои бемантиқ, ҳатто шаҳрвандони бадарғашуда ҳам хоҳиши иштирок намуданро намекунанд.

Бояд иқрор шуд, ки аз дасти ташкилкунандагони гирдиҳамоӣ махсусан, Илҳом Ёқубови савдогари мошинфурӯш ягон коре ба даст нахоҳад омад ва барои кирдорҳои кардааш посухи сазовор гирифтааст.

Қонунҳои давлату ҳукумат дар замони муосир по бар ҷо ва мустаҳкам аст ва ягон эҳтиёҷ ба таклифу пешниҳодҳои онҳо ҳам нест. Суд медонад, ки ба кӣ чи гуна ҳукмро раво бинад. Дар вуҷуди Илҳом Ёқубов ва ду-се аъзоёни боқимондаи ТТЭ ҲНИ ягон ҳисси дӯст доштани Ватан, саҳм гузоштан дар ободӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар тамоман эҳсос намегардад, онҳо танҳо бо идеологияи хориҷиён амал менамоянд. Муваффақияти Тоҷикистонро дида натавониста, баръакс мардумро ба гумроҳиву тафриқаандозӣ ҳидоят месозанд.

Хулоса, ҳар як амали ғайриқонунии пинҳонкорона ва тафриқаандозии аъзоёни ТТЭ ҲНИ муҳлати худро дорад. Агар мақсад ва дилу нияти онҳо дар Тоҷикистон пок мебуд, ба сӯи муваффақиятҳо раҳсипор мешуданд.

Аъзоёни маҳфили “Сиёсат ва ҷомеа”-и
кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии
МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh