Саҳмгузорӣ дар пешгирии зуҳуроти номатлуб

Дар шароити кунунӣ, яъне раванди имрӯзаи  ҷаҳонишавӣ, ифротгароӣ яке аз масоили номатлуби  ҷаҳон  маҳсуб  меёбад. Экстремизм маҷмӯи ғояҳо, андешаҳо ва чораҳои радикалӣ ё қатъиест, ки асосан тавассути зӯроварӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсӣ  истифода мешавад.

Ифротгароӣ дар кадом шакле ки набошад, ба сари одамон даҳшат ва мусибат оварда, онҳоро мутеи сиёсатбозиҳои бемаънӣ мегардонад.

Дар солҳои охир далелҳои беаҳамиятии оила ва ҷомеа нисбат ба ҷавонон ошкор шуда, баъзеи онон ба гурӯҳои тундрав ва ифротгаро шомил гардидаанд.   Ин гувоҳи бетарафӣ ва беаҳамиятии оилаҳост.

Маҳз муҳити созгори тарғиби арзишҳои ватанпарастӣ метавонад кулли шаҳрвандонро ба корҳои бунёдкорӣ, ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва машғул будан ба меҳнати барои ҷомеа  манфиатбахш раҳнамун созад.

Имрӯз шукргузорӣ аз он дорем, ки зиндагии осудаҳолонаю фараҳбахш, рӯзгори пур аз нозу неъмат дорем. Ин ҳама ободӣ ва пешравиҳо бо талошу ҷонбозиҳо, нерӯи созандаи мардуми кишвар насиби мо гардидаанд. Боиси хушнудию сарфарозист, ки мо соҳиби давлати соҳибистиқлол гардида, имрӯз ин давлати соҳибистиқлоли моро зиёда аз 150 давлати дунё эътироф намуда, Тоҷикистон аъзои созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ – аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид мебошад

Вале, боиси таассуф аст, ки имрӯз дар ҷомеаи мо нафаронеро дучор омадан мумкин аст, ки ҳамаи ин ободкорию созандагиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нодида гирифта, бо ин рафтори разилонаи худ мехоҳанд сулҳу суботи кишварро халалдор намоянд.

Аз ин рӯ, итминони комил дорем, ки сокинони баору нанги мамлакат муттаҳид, яктану якҷон гардида, баҳри муборизаи дастаҷамъона бо зуҳуроти номатлуб кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

М.СОЛИЕВА,
омӯзгори  Гимназияи № 1,
шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh