Дасти наҳзат хунолуд

Дар ин айём шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ  бисёр мақолаву хабарҳоро ба нашр мерасонанд,ки шомили хақиқат мебошад, ҳар кас вақто, ки ин мақолаҳоро мехонад, ба хулоса меояд, ки ҷиноят ва хиёнатҳои содиркардаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ рӯз то рӯз ошкор мешавад.

Гузорише, ки аз телевизиони "Настоящее время"- телевизиони муштараки радиоҳои"Озодӣ" ва "Овози Амрико" санаи 21 ноябри соли ҷорӣ ба ҷахон паҳн гардид, боз як хиёнати ҳизби ҷинояткори наҳзатро ба мардуми олам маълуму равшан кард.

Дар ин гузориш ҳодисаи қатли чаҳор нафар сайёҳони хориҷӣ  дар ҳудуди ноҳияи Данғара баён ёфта, дар наворҳо ин амали ғайриинсонии аъзоёни ҳизби хиёнаткори Наҳзат ошкоро айбдор карда мешавад. Ин кирдор амал дасти кӣ аз рӯзи аввали ин ҳодиса маълум буд, аммо  барои рӯйпӯш кардани ин ҷинояти байналхалқӣ наҳзат хост, ки ин одамкуширо ба гардани ҳаммаслакони худ ДИИШ гузорад ва инро эълон ҳам кард. Аммо дар ин асри пешрафти иттилоотӣ  аз чашми мардум ягон ҷиноят пинҳон намемонад.

Имрӯз мардуми олам боз як бори дигар огоҳ гаштанд, ки ҳизби хиёнаткори наҳзат ва маблағгузорони хориҷии вай чӣ хатарҳое ба аҳли башар доранд!

Ҳамагон хуб медонанд, ки  дар гузашта ТТЭ ҲНИ бо фитнаангезиҳо мардуми Тоҷикистонро фиреб дода, сабабгор рехтани хуни ҳазорон мардуми бегуноҳ шуд ва имрӯз вақто, ки Тоҷикистон дар  арсаи умумиҷаҳонӣ ба обрӯву нуфузи баланд мушарраф гардид, шаҳру вилоятҳои кишвар обод шуд  ва соли 2018 «Соли ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ" эълон шуд, хоинони миллат, яъне аъзоёни ҳизби хиёнаткори наҳзат аз рӯи ҳасад, роҳи қатли сайёҳонро пеш гирифтанд ва хостанд бо ин амали ғайриинсонии худ фаҳмонанд, ноором асту сайёҳони хориҷӣ он ҷо нараванд. Аммо тирашон хок хӯрд. Мардуми чаҳон аз ҷинояти ин ҳизб огоҳ шуд ва дасти хунини ин ҳизб ба чашми мардуми олам бараъло намоён шуд.

Имрӯз фаъолияти хоинонаи ин хизб аз ҷониби шабакаҳои иттилоотии ҷаҳон,мардуми  оддӣ ва ходимони дин  маҳкум карда мешавад.

ҲОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА

Add comment


Security code
Refresh